Бозгашти “Уқоби тоҷик” ба майдон ва набардаш бо “Рубоҳи сурхи” исролӣ
Размикори тоҷик Нурулло Алиев рӯзи 11-уми январ дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас — Вегас бо намояндаи Исроил Янал Ашмоз рақобат хоҳад кард.Дар бораи ташкили рақомбат ин ду размикор дафтари матбуотии UFC хабар додааст.Ёдовар мешавем, ки Нурулло Алиев бо лақаби «Уқоби тоҷик» ва Янал Ашмоз бо тахаллуси «Рӯбоҳи сурх» машҳур ҳастанд.Нурулло Алиеви 25-сола, ки соли 2022 дар намоиши тахассусии Dana White’s Contender Series бо қавитарин лигаи ҷаҳон қарордод ба даст оварда буд, моҳи феврали соли гузашта дар ин созмон нахустин рақобати бобарор анҷом дода, бо қарори доварон бар Рафаэл Алвес пирӯз шуд.
Янал Ашмози 29-сола се маротиба дар UFC рақобат карда, Сэм Паттерсонро нокаут кард, дар муборизаи дигар бо қарори якдилонаи доварон аз Крис Дункан шикаст хӯрд ва бар Тревор Пик пирӯз шуда буд.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Нурулло Алиев, дар ҷараёни тамрин ҷароҳат бардошт ва маҷбур шуд, аз набард бо Матеуш Ребетскии лаҳистонӣ даст кашад.Набарди размикори тоҷик ва лаҳистонӣ мебоист дар доираи мусобиқаи UFC 295 рӯзи 11 ноябр соли 2023 баргузор мешуд.
Аммо «Уқоб"-и тоҷик аз пояш осеб диду пас аз муоина, табибони UFC иҷозати иштирокашро дар зӯрозмоӣ надоданд.Алиеви 25-сола то ҳол 9 зӯрозмоиро анҷом дода, дар ҳамаашон пирӯз шудааст.Маврид ба зикр аст, ки соли равон барои ҳунарҳои размии омехта то ҷое бобарор арзёбӣ мешавад, чун UFC, ки аз созмонҳои бонуфузтарини ин бахш аст, феълан бо 4 намояндаи Тоҷикистон шартнома бастаст.Дар ин ҷода аввалин Нурулло Алиев шуда буд. Баъд аз ӯ, Лоиқ Раҷабов ба UFC роҳ ёфту сипас ин созмон бо Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов шартнома баст.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)