Русия 70% меваю сабзавотро аз кишварҳои ИИАО ва ИДМ ворид мекунад
Дар Русия тамоюли афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид (ИДМ).Ҳамин тариқ, дар соли 2024 афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Арманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон идома ёфтааст."Аз кишварҳои ИДМ асосан сабзавоту меваҳои тару тоза, ангур, хушкмева ва маҳсулоти полезӣ воридот шудааст. Масалан, ҳоло қариб 80 дарсади содироти харбузаи туркманӣ ба Русия рост меояд«, — омадааст дар гузориш.Тибқи маълумоти пешакии Хадамоти федеролии гумруки Русия, ҳиссаи воридоти сабзавот, мева ва буттамева ба Русия аз кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвуОсиё (ИИАО)ва ИДМ 70%-ро ташкил додааст.
Аз рӯи маҳсулоти гушту қаннодӣ ин рақам ба 60% расид. Гуфта мешавад, ки 5 сол пеш ин рақамҳо аз 25-30% камтар буданд.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)