"Барои ҳама нест." Вазъи рақси балет дар Тоҷикистон
Нозанин Юлчиева, раққосаи балет, мегӯяд, касбе, ки наздикон бовар доштанд, ӯ баъди чанд рӯз тамрин тарк мекунад, ҳоло манбаи асосии таъмини хонавода шудааст.
Юлчиева рӯзи 5-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои бузург роҳи пурпечутоберо тай карда, чанд бор тасмим гирифт, аз саҳна биравад. Вале аз як тараф ҳимояти наздикон ва аз тарафи дигар масъулияти таъмини хонавода ӯро маҷбур месохт, ки аз тасмимҳояш сарфи назар кунад.
“Мо аз падар ҷудо зиндагӣ мекунем ва ман ноновари хонавода ҳастам. Дар хона хоҳару додар ва модарбузургам ҳастанд. Албатта, модарам кор мекунад, вале хонаро асосан ман таъмин мекунам. Пули барқу партову хидматрасониҳои коммуналиро мепардозам ва харидҳои дигарро низ ман мекунам”, - изҳор дошт ӯ.
Ба қавли Муҳаммад Азимзода, раққоси балет, назари ҷомеа ба касби ӯ нисбат ба солҳои пешин тағйир ёфтааст. Азимзода Озодӣ гуфт, бархилофи солҳои пешин ҳоло мардум ӯро дар кӯчаву хиёбонҳо дида, дар бораи касбаш суханҳои нек мегӯянд.
“Мардум аллакай ба намоишҳои мо зиёд меоянд, тамошо мекунанд ва бо ҳайрат мепурсанд, ки ту балеринаро чӣ гуна бо як даст мебардорӣ? Чанд нафаре буд, ки мегуфтанд, мо ба толори варзишӣ меравем, машқ мекунем, вале як халта ордро бардошта наметавонем, ту бошӣ балеринаро бо як даст мебардорӣ”, - нақл кард Муҳаммад Азимзода.
Аммо Манучеҳр Маҳмудзода, раққоси дигар мегӯяд, ҳоло ҳам омилоне ҳастанд, ки намегузоранд намоишҳои онҳо сербинанда шаванд. Ба гуфтаи Маҳмудзода, ҳатто падару модараш ба тамошои ҳунарнамоии ӯ намеоянд.
“Ҳозир мо дар қишлоқ зиндагӣ мекунем. Якум роҳ дур аст. Дувум, аллакай фикри мардум дар тарафи дигар аст. Ба ҳунар он қадар нест. Ба ҳаёту зиндагӣ аст. Аз куҷо як чиз ёбему зиндагиро пеш барам”, - изҳор дошт ӯ 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ.
Ҳарчанд дар Театри опера ва балет намоишҳои нав гузошта мешаванд, на ҳамеша курсиҳо пур аз тамошобин ҳастанд. Рӯзноманигор Одили Нозир рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳунари балет дар тамоми дунё ҷонибдори хеле зиёд надорад.
“Ин ҳунар барои омма нест. Барои як гурӯҳи хоси одамон аст. Барои касоне, ки завқи дарки балетро доранд. Барои намуна, ин барои ҳамаи онҳое нест, ки аз як мактаби миёна биёранду шинонанд ва ӯ рақсро тамошо кунад. Вай шояд баъзе ҳаракатҳои зеборо дида лаззат мебарад, вале ӯ ба умқи он ҳунар ё асар намеравад”, - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи Одили Нозир, солҳои охир дар ҳунари балети тоҷик як навъ бедорӣ ё дигаргуние мушоҳида мешавад. Бахусус баъд аз он ки як гурӯҳи ҷавонони тоҷик баъди таҳсил дар Русия ба ватан баргаштаанд. Дар айни замон ӯ бовар дорад, ки балети тоҷик имрӯз ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад: “Ман фикр мекунам, дар ҳамаи дунё санъати академӣ даромади зиёд намеорад, аммо давлат ба он пули зиёд сарф мекунад, чун маҳз санъати академӣ метавонад ба завқи маънавии мардум таъсир расонда, онро боло барад.”
Фарангис Саидзода, раққосаи балет, ҳам гуфт, вазъи рақси балет дар Тоҷикистон назар ба чанд сол пеш беҳтар шуда, вале ҳанӯз ҳам баъзе душвориҳо мондаанд: “Бисёр хуб мешуд, агар дар Омӯзишгоҳи нав хобгоҳ ҳам ташкил мекарданд. Дар ноҳияҳо кӯдакони боистеъдоду болаёқат зиёданд, бигзор ҳадди ақал 30 нафар ҳам бошанд. Агар онҳоро оварда, дар ин хобгоҳ ҷой кунанд ва ба таҳсил фаро гиранд, фардо мо метавонем ба онҳо такя кунем. Дигар мо маҷбур намешавем, ки мутахассисонро аз хориҷ даъват кунем.”
Рушди балети тоҷик дар Тоҷикистон ба солҳои 1960-1990 рост меояд. Ин ҳунарро ҷуфти маъруфи балет Малика Собирова ва Музаффар Бурҳонов ба арсаи ҷаҳонӣ шуҳратёр карданд. Ба гуфтаи Муҳаммад Азимзода, сабабҳои рукуди балет дар Тоҷикистон “густариши суннатгароӣ дар ҷомеа ва ҷанги шаҳрвандӣ мебошанд”, ки боиси рафтани мутахассисон аз кишвар шудаанд.

Комментарии (0)