Расонаҳо: Трамп ба Путин занг зад: Ду роҳбар аз чӣ гуфтанд?
Рӯзномаи " Washington Post« дар истинод ба чанд нафари огоҳ аз вазъ менависад, ки Доналд Трамп, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико пирӯз шуд, рӯзи панҷшанбе бо Владимир Путин, раҳбари Русия гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст."Трамп рӯзи панҷшанбе бо Путин гуфтугӯ кард, ин аввалин гуфтугӯи телефонии байни ин ду нафар пас аз пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ буд«, — менависад нашрия.Гуфта мешавад, ки роҳбари ояндаи Кохи Сафед аз раисиҷумҳури Русия даъват кардааст, ки ба ҷанг дар Украина шиддат набахшад. Дар мақола гуфта мешавад, ки ӯ ҳамчунин изҳори ҳавасмандии худро ба тамосҳои минбаъда бо Путин барои баррасии ҳалли сареъи бӯҳрон изҳор кардааст."Вай ба таври хусусӣ ишора кард, ки аз созиши сулҳомез пуштибонӣ хоҳад кард, ки дар он Русия як қисми қаламравҳоро таҳти контроли худ мегирад«, — менависад рӯзнома.
Дар ҳамин ҳол, тасдиқи расмии маълумоти WP вуҷуд надошт.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Клуби мубоҳисавии Валдай Владимир Путин гуфт, ки зидди азсаргирии тамосҳо мухолиф нест ва занг задан ба Трампро шармовар намедонад.Дар навбати худ, Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи Кремлин қайд кард, ки аз ҷиҳати назариявӣ, раҳбари Русия метавонад худаш бо президенти тозаинтихоби ИМА тамос бигирад, аммо мо бояд бубинем, ки воқеаҳо минбаъд чӣ гуна инкишоф меёбанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)