Тӯли ним сол дар Тоҷикистон 86 нафар дар об ғарқ шуданд

Тӯли ним сол дар Тоҷикистон 86 нафар дар об ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду ҳолат бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Тавре ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, миёни ҳалокшудагон синни 8 нафарашон то 4-сола, 9 кас — аз 5 то 10-сола, 23 нафар — аз 11 то 16-сола, 28 кас — аз 17 то 35-сола ва 8 нафар — синни аз 35-сола болотар мебошанд.
10:00 20 июн

Ҳалокати қариб 800 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон

Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки аз теъдоди умумии ғарқшудагон 26 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Ба иттилои Кумита, дар 25%-и ҳолатҳо одамон бо сабаби беэҳтиётӣ ва дар 19%-и ҳолатҳо — дар робита ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо ҳалок шудаанд.
Дар 12%-и ҳолатҳо сабабҳои ғарқшавӣ номаълум буда, дар 9%-и ҳолатҳо одамон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ғарқ шудаанд, 9%-и ҳолатҳо ба фориғболиву хунукназарии волидон, 5% — дар робита ба худкушӣ даст задан ва 2% — дар натиҷаи мастӣ аз машрубот марбутанд.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий