22 парванда барои номгузории ғайритоҷикӣ. Кумитаи забон ва истилоҳот барои пешгирии ғалатҳо чӣ кор мекунад?
Ба қавли Олимҷон Муҳаммадҷонзода, дар умум, дар ин муддат Кумита дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва Прокурати генералии Тоҷикистон матни 246 навиштаҷоту овеза ва номгузории ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба талаботи қонуни номбурда ҷавобгӯ нестанд, ошкор намудааст.
«Зимни санҷиш маълум гардид, ки аксари ин қонунвайронкуниҳо аз ноогоҳӣ ва надонистани талаботи қонун аз ҷониби соҳибкорон аст. Пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ин ғалатҳо ислоҳ гардида, номгузории ғайритоҷикӣ иваз карда шуд» — гуфт раиси Кумита.Муҳаммадҷонзода илова кард, ки қонунвайронкуниҳо дар самти риояи меъёру талаботҳои Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба солҳои гузашта камтар аст, вале шумораи мушаххасе наовард.
Ин дар ҳолест, ки кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар пур аз овезаву навиштаҷоти нофаҳмову ғалат ва номувофиқ ба меъёри қонунгузории забони давлатӣ аст.
Чанд мисол аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе:
Бояд гуфт, барои риоя накардани қонун дар бораи забони давлатӣ моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон») ҷарима таъин кардааст, ки барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 72 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки алҳол соҳибкорон бояд пеш аз қайди давлатӣ гузаштан бояд хулосаи Кумитаи забонро дастрас кунанд.
Дар Кумита гуфтанд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба ниҳод танҳо 11 муроҷиат оид ба номгузории муассиса ва ташкилот ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Дар 6 моҳи аввали соли 2023 барои гирифани хулоса оид ба номгузорӣ ба Кумита 35 муроҷиат ворид гардида буд.
Инчунин, дар ин давра Кумитаи забон ва истилоҳот ба номгузории 13 маҳалли аҳолинишин хулоса пешниҳод намудааст.
«Масъалаи ивази номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин то давраи соли 2023 ҳалли худро ёфтаанд ва минбаъд дар Кумита номҳои маҳалҳои аҳолинишини навбунёд ва ё ивази баъзе номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин мавриди баррасӣ қарор мегиранд» — қайд шуд дар нишаст.
Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009 қабул шуда, забони тоҷикиро забони давлатӣ ва забони расмии коргузории кишвар муқаррар кард. Вале мақомот пайваста аз мавридҳои вайрон кардани қонуни забон ва ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандон, махсусан соҳибкорон ва мансабдорон хабар медиҳанд.

Комментарии (0)