Раиси "Тоҷикстандарт" хостори боло бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ шуд

Раиси "Тоҷикстандарт" хостори боло бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ шуд
Директори агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода Темурҷон ва мутахассисони масъули соҳа бо фаъолияти «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» шинос гардид.Ба иттилои ин ниҳод, Абдулваҳобзода бо раванди истеҳсолот ва шароити корхона шинос шуда, барои риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир машварат додаст.Иқтидори истеҳсолии «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» дар як сол 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад."Бо чунин иқтидор корхона метавонад талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд ва дар корхонаи мазкур 135 номгӯи маҳсулот дар бастаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад«, — омадааст дар иттилоия.Таъкид гардидаст, ки маҳсулоти корхона асосан дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва дар назар аст, дар оянда бояд содирот карда шавад.Тибқи маълумот айни замон 700 нафар сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ кор мекунанд ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.Роҳбарияти „Тоҷикстандарт“ дар робита ба ҷорӣ намудани талаботи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникии қабулгардида суҳбат ороста, беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифатро муҳим хондаст.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий