Ҷабборов гуфт, кай Қирғизистон марзро бо Тоҷикистон боз мекунад

Ҷабборов гуфт, кай Қирғизистон марзро бо Тоҷикистон боз мекунад
Марз бо Тоҷикистон пас аз анҷоми раванди делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои муаянношуда кушода мешавад, гуфт президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти матбуотӣ.

"Сарҳад бо Тоҷикистон пас аз анҷоми раванди делимитация ва демаркатсия боз мешавад", - гуфт раҳбари Қирғизистон.

Қаблан ӯ гуфта буд, ки 210 ҳазор гектар замин дар вилояти Бодканд баҳсбарангез боқӣ мемонад.

"Дар марз бо Тоҷикистон се минтақаи баҳсӣ аст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ мо ҳаққем, аммо ҷониби Тоҷикистон баин розӣ нест. Мо то ҳол вобаста ба ин гуфтушунид доир мекунем", - шарҳ дод Ҷабборов.
Ҳамзамон ӯ хабар дод, ки комиссияи ҳукуматӣ ба қарибӣ барои гуфтушунид ба Душанбе меравад.

Тибқи иттиллои мақомот сарҳади миёни кишварҳо дар умум 972 киллометр буда, аз он танҳо 519 киллометр мувофиқа шуда, боқимонда минтақаи баҳсӣ мебошад.

Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.

Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.

Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.

Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.

Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.

Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.

Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий