Анастасия аз музди як оилаи тоҷик, ки дар манзилаш фаъолиту зист доранд баён намуд

Анастасия аз музди як оилаи тоҷик, ки дар манзилаш фаъолиту зист доранд баён намуд
Анастасия Волочкова ба мухлисони худ аз ҳақмузди оилаи тоҷик, ки дар хонаи ӯ кор мекунанд, нақл кард

 Балеринаи рус Анастасия Волочкова дар бораи хароҷоти моҳонаи худ барои амволи ғайриманқул сӯҳбат кард, менависад рӯзномаи "Комсомольская правда".

Ҳамин тавр, нигоҳдории тамоми амволи ғайриманқул ба як балеринаи машхур дар як моҳ тақрибан як миллион рубл сарф мешавад. Ба гуфтаи вай, танҳо ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ 185 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон Волочкова барои як оилаи тоҷик, ки дар хонаи ӯ кор мекунанд, ҳар моҳ 60 ҳазор рубл ҳақмузд пардохт мекунад. Ӯ гуфт, барои ин миқдор маблағ, зани тоҷик ҳамроҳ бо ҳамсари худ, хонаи ӯро тамиз мекунанд, барояш хӯрок омода мекунанд ва ҳамзамон боғу роғи ӯро ба тартиб меоранд.

Волочкова қаблан аз хизматгарзани тоҷик, ки солҳо дар хизмати ӯст, васф кард ва ӯро ҳамчун яке аз аъзоёни хонаводаи худ хонд.

Хизматгорзани тоҷикаш Лола ном дошта, ҳамроҳ бо ҳамсари худ дар хонаи балеринаи рус кор мекунанд. Волочкова қайд кард, ки Лола ниҳоят инсони бовафою ростқавл ва меҳрубону тамизкор аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий