Шаҳрдорӣ ҳаракати микроавтобусҳо дар як хатсайри дигарро мамнуъ кард

Шаҳрдорӣ ҳаракати микроавтобусҳо дар як хатсайри дигарро мамнуъ кард
Шаҳрдории Душанбе ҳаракати микроавтобусҳоро дар хатсайри рақами 4 мамнуъ кард

 Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, аз 11 феврал ҳаракати мусофирбарҳои хурди рақами 4 дар масири маҳаллаи Чиноро – маҳаллаи Пролетар мамнуъ мебошад. 
 
Манбаъ афзуд, ки дар масири мазкур аз 11-уми феврали соли равон хидматрасонӣ тариқи автобусҳои “Акиа” роҳандозӣ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват кардааст, ки аз хизматрасонии автобусҳои №4, ки дар масири терминали Шарқ-Транс - ҶДММ “Маром” ҳаракат мекунанд, истифода баранд.

Мақомоти Душанбе ҳадафи иваз кардани мусофирбарҳои хурд бо автобусҳоро дар кӯчаҳои Душанбе беҳбуди вазъи хидматрасонӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт мегӯянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий