Додситонии кулл парвандаи заминфурӯшони Хуҷандро ба дасти худ гирифт

Додситонии кулл парвандаи заминфурӯшони Хуҷандро ба дасти худ гирифт
Додситонии шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд – алайҳи як гуруҳе, ки ба тақсими ғайриқонунии замин муттаҳам мешаванд, парванда боз кардааст. Ин гуруҳ аз бархе мансабдорони Идораи замини шаҳри Хуҷанд ва миёнаравҳо иборат аст.
Додситонии шаҳри Хуҷанд аъзои ин гуруҳро бо моддаҳои 338 – ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, 340 – сохтакории ҳуҷҷатҳо ва 247 – қаллобӣ айбдор медонад."Парвандаро ба Душанбе фиристодем"
Дар Додситонии шаҳри Хуҷанд рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, парванда алайҳи чанд нафар боз шудааст, вале аз гуфтани шумораи дақиқи муттаҳамон худдорӣ карданд. Як ҳамсуҳбати мо дар ин ниҳод гуфт, “парванда хеле ҷиддист. Айни ҳол Додситонии кулли Тоҷикистон ин парвандаро аз Додситонии шаҳри Хуҷанд дархост карда, зери назорати худ гирифтааст”.
Дар Додситонии Хуҷанд гуфтанд, дар мавриди ҷузъиёти ин парванда ба далели идома доштани тафтишот маълумот дода наметавонанд.
Ҳамсуҳбатҳои наздик ба тафтишот мегӯянд, дар доираи ин парванда айни замон Алӣ Аҳмадов, падари Мунир Аҳмадов, як корманди Идораи замини шаҳри Хуҷанд боздошт шудааст.
Раиси идораи замин куҷост?
Мақомоти додситонӣ ҳамчунон Абдухалил Ёрматов, раиси Идораи замини шаҳри Хуҷандро ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Ӯ ҳанӯз барои посух додан ба суолҳои тафтишот ҳозир нашудааст.
Аммо ҳамкорони Абдухалил Ёрматов дар Идораи замини шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ӯ ҳанӯз роҳбарии идораро бар уҳда дорад, аммо айни замон дар ҷои кор нест. Яке аз ҳамкоронаш бо шарти ифшо нашудани ном гуфт, “Ёрматов беморанд ва барои табобат ба шаҳри Тошканд рафта, дар он ҷо ҷарроҳӣ шуданд”.
Дар зимн, Абдухалил Ёрматов ду сол қабл – соли 2016 низ дар доираи парвандаи “мафияи заминфурӯшон” бозпурсӣ шуда буд. Он замон 33 ҷабрдида алайҳи масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва кормандони идораи замини шаҳр ба додситонӣ шикоят бурда буданд.
Қазияи ду соли пеш бо чӣ анҷомид?
Бино ба гуфтаи мақомоти тафтишот, масъулони марбут ба тақсимоти замин дар Хуҷанд аз ҳар як ҷабрдида барои ҷудо кардани порчаи замин аз 7 то 14 ҳазор доллар “ҳақ” гирифтаанд, ки дар маҷмӯъ 460 ҳазор долларро ташкил додааст. Дар доираи ин парванда Хуршед Умматқулов, як масъули Идораи замини шаҳри Хуҷанд ҷарима ва Муин Мансуров ном миёнарав ба 12,5 соли зиндон маҳкум шуд.
Он замон ҷабрдидаҳо шикоят доштанд, ки дар асл Абдухалил Ёрматов, раиси идораи замини шаҳри Хуҷанд ва Сӯҳроб Мирзоев, масъули бахши сертификатдиҳии ин ниҳод бояд дар баробари додгоҳ ҷавоб медоданд, вале аз ҷавобгарӣ канор монданд. Худи Ёрамтов он вақт даст доштан дар ришватхориро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рад карда буд.
То замони нашри ин гузориш ба Радиои Озодӣ даст надод, бо Абдухалил Ёрматов, ки ба гуфтаи ҳамкоронаш дар Тошканд табобат мегирад, ҳамсуҳбат шавад.
Заминфурӯшӣ мояи нигаронии мақомот шудааст
Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст.
Мақомоти тафтишотӣ дар бораи ошкор ва боздошт шудани афроди дахил дар қазияҳои заминфурӯшӣ пайваста гузориш медиҳанд. Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, танҳо дар соли 2017 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қариб ҳазор ҷинояти марбут ба тақсими ғайриқонунии замин, ишғоли худсарона ва сохтмони ғайриқонуниро сабт кардаанд.
Бо вуҷуди ин, ҷиноятҳои марбут ба замин ва заминфурӯшӣ дар ҳоли афзоиш аст. Як роҳи аз байн бурдан ва ё кам кардани заминфурӯширо коршиносон дар ташкили бозори қонунии замин дар Тоҷикистон мебинанд. Чун шумораи аҳолӣ торафт зиёд мешавад ва талабот ба замин зиёд аст ва масъуле, ки ҳуҷҷатҳои заминро иҷро мекунад майли хеле баланди гирифтани ришваро дорад.
"Касе замин фурӯхт, дар назди қонун ҷавоб диҳад"
Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев, раиси Маркази ҷумҳуриявии тарғиби маърифати зиддикоррупсионӣ, гуфт, воқеан талабот ба замин дар кишвар афзудааст ва аз ин рӯ хилофкорӣ низ ҳангоми тақсими он зуд-зуд рух медиҳад.
Ӯ рӯзи 15-уми ноябр гуфт, “замин моликияти истиноии давлат аст. Яъне, моли тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, он хариду фурӯш намешавад. Чаро заминфурӯшӣ зиёд шуда истодааст? Барои он ки талабот зиёд аст. Бинобар ин, ҳар мансабдоре, ки заминфурӯшӣ мекунад, дар назди қонун бояд ҷавоб гӯяд. Дигар роҳи мубориза нест”.
Кумитаи давлатии замин мегӯяд, дар давоми 26 соли истиқлолият бо қарорҳои ҳукумат ҳудуди 130 ҳазор гектар замин ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ тақсим карда дода шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий