МУХОЛИФИН ДАР ЧӢ АНДЕШААНД?

МУХОЛИФИН ДАР ЧӢ АНДЕШААНД?
Баъзе лаҳзаҳои ҷараёни нишасти САҲА-ро, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аз 16 то 27 сентябри соли ҷорӣ баргуҳор гардида буд, аз тариқи шабакаи интернет тамошо карда, ба хулосае омадам, ки оппозитсиюни тоҷик барои ду пула гапу як пула кор ба он ҷо рафта, худро ҷабрдидаю халқи тоҷикро мазлуму беҳуқуқ эълом доштанд. Дар мавриде, ки диққати мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба воқеаҳои 16-сентябр, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷалб шуда буд, намояндагони оппозитсия тамоман фикру зикрашон ба дигар тараф – ба масъалаи ришу ҳиҷоб банд шуда, танҳо ҳамин масъаларо, ришу ҳиҷобро мушккилоти №1 муаррифӣ карданд.
Муҳоҷирони меҳнатии қирғиз дар шаҳрҳои Федератсияи Руссия қариб ҳар рӯз митингу гирдиҳамоиҳо ташкил карда, барои дифои марзу буми кишвари худ тайёр буданашонро иброз намуданд Мутмаинам, ки дар ин маврид оппозитсияи ҳукумати Қирғизистон низ мавқеи худро изҳор доштагист.
Ҳукумати кишвари мо дар ин маврид тамоми чораҳоро андешид, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ором гардад. Пеши роҳи низои сиёсӣ гирифта шавад.
Ҳукумати мо бо роҳбарии Пешвои миллат минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вазъият ба таври мусолиматомез ҳал гардида, дўстию рафоқати ин ду халқи бародар пойдор бимонад. Вале аз тарафи оппозитсия вокунише нисбат ба воқеаҳои сарҳад баён нашуд.
Аммо, Д.Атовулло дар ин вазъият намояндагони оппозитсия ва Ҳукуматро ба ифоқа даъват кард.

САЙХОҶА ШИРИНОВ, 
мудири шуъбаи РИРҶ-и мақомоти иҷроияи 
ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода
Telegra.ph​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий