ОРОМИШИ БАДАХШОН –ҲАДАФИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони вилоят масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар поккории ҷомеа аз ҷинояткорӣ саҳми муносиб нишон медиҳанд

ОРОМИШИ БАДАХШОН –ҲАДАФИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони вилоят масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар поккории ҷомеа аз ҷинояткорӣ саҳми муносиб нишон медиҳанд

Авзои Бадахшон ва бахусус, шаҳри Хоруғ чанд моҳи охир мавриди радду бадалҳои расонаҳои дохилию хориҷӣ қарор гирифтааст. Ҳар расона ва воситаи  ахбори омма аз ҳаводиси шаҳри Хоруғ бардошти худро дорад. Ҳанӯз ибтидои моҳи октябри соли 2018 Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пахш гардид, ки дар он вазъи воқеии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии минтақа баён шуда буд.
Ситоди мазкур дар асоси дастуру супоришҳои давлат таъсис ёфта, ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои зарурӣ дар самти риояи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мусодира ва халъи силоҳ аз дасти гурӯҳҳои ҷиноятӣ роҳандозӣ шуда буд. Аз ин рӯ, барномарезиҳое, ки то имрӯз дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳои вилоят амалӣ гардидаанд, сазовори қадрдонӣ ва эҳтироманд.
Масъулини Ситод ҷиҳати иҷрои барномаи муназзами ҳукуматӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, то 11 октябри соли гузашта аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 57 адад «Автомати Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулӯлаандоз (гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад таппонча, 8 адад карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориҷӣ ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира карданд.
Ҳамчунин Ситод дар самти ба таври қотеъона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки мушкили ҷиддӣ дар Бадахшон ва махсусан шаҳри Хоруғ маҳсуб меёбад, корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок 2468 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 27 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 40 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 10 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 далели бо суръати баланд, 27 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 5 ҳолати мастӣ ва 2249 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид.
Масъалаи хариду фурӯши силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷумлаи масоили муҳимест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он сари он  тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд ва давлатҳо дар асоси эътилофу иттиҳод ин масъалаи муҳимро, ки ба решаҳои давлатдории миллӣ ва умуман, ҳар навъ давлатдорӣ зарбаи муҳлик мезанад, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз ин ҷост, ки давлати Тоҷикистон ва мақомоти марбутаи давлатӣ хариду фурӯши силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар манотиқи ҷумҳурӣ пайгирӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои муҳими ҷуғрофиест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя ҳамсарҳад кардааст.  Аз ин лиҳоз, сохторҳои марбутаи давлатӣ масъалаи халъи силоҳро дар ин минтақа, ки миёни гурӯҳҳои ҷинояткор радду бадал мешавад, мавриди бозбинӣ қарор медиҳанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда аз имконоти қудратӣ, фаннӣ-техникӣ, интизомӣ ва ҳуқуқӣ истифода мебаранд.
Тавре ки болотар ёдовар шудем, доғ нишон додани мушкили Бадахшон барои баъзе расонаҳои хабарию гурӯҳӣ ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии мустақил манфиатовар аст. Ин аст, ки масъулини иддае аз пойгоҳҳои иттилоотии мустақил хабари боздошти Мамадбоқиров Тоҳир Карамалишоевич, бародари яке аз лидерони ғайрирасмии ин минтақа Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир)-ро пахш карда, масъалаи тезутунд шудани вазъиятро дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба миён гузоштаанд. Тибқи гузориши пойгоҳи “Ахбор.ком”, Тоҳир Мамадбоқировро, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, кормандони милитсия дастгир кардаанд. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо тан аз тарафдорони Боқир дар маҳаллаи УПД ҷамъ шудаанд. Алоқа бо Хоруғ мушкил шуда, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба Фейсбук дар маркази Бадахшон масдуд шудааст. Бародари Боқир – Мамадбоқиров Тоҳир Карамалишоевичро бо иттиҳоми итоат накардан ба амри кормандони милиса боздошт кардаанд.
Бояд зикр кард, ки исми Мамадбоқиров Тоҳир Карамалишоевич дар феҳристи ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта меистод. Аз ин рӯ, боздошти як нафар ҷинояткорро ҳангома кардан ба баъзе доираҳои расонаӣ ва сиёсии хориҷӣ маъқул асту халос. Масъалаи дигар, ки аз он ҳангомасозӣ мешавад, тазоҳуроти як гурӯҳ ба хотири боздошти ин ҷинояткор мебошад. Таҷаммӯи чанд нафар, ки аксаран ба доми фиребу найранги гурӯҳҳои ҷиноӣ ва фурсатталаб афтида, ба таври нохудогоҳ тазоҳур мекунанд, ҳоло маънии мардумӣ будани чунин навъи тазоҳурот нест.
Гап сари ин аст, ки сокинони шаҳри Хоруғ ва дар маҷмӯъ, мардуми Бадахшон ҳеҷ гоҳ дар пушти ҷинояткорон набуданд ва нестанд, балки ин дастаи ҷинояткорон аст, ки пушти мардум ва аҳолӣ қарор гирифта, ҷурму гуноҳҳои худро пинҳон мекунад. Ин ҳақиқатро таърихи ватанӣ борҳо исбот кардааст. Аз ҷониби дигар, сокинони шаҳри Хоруғ ва мардуми ВМКБ ҳамеша таҳаммулпазир ва ҳақпараст будаанд ва дар мушкилоти рӯзгор ва зуҳури даргириҳои бемаънӣ аз ақлу мантиқ кор гирифтаанд, на аз эҳсосу ҳаяҷон. Бо эҳсосу ҳаяҷони аҳолӣ бозӣ кардан ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин мушаххасоти равонӣ кор гирифтан стратегия ва тактикаи созмонҳои фурсатталаб ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ маҳсуб меёбад. Бар ин асос, онҳо аҳолӣ, мардуми сода ва гумроҳро ба бозӣ кашиданӣ мешаванд,  вале мардум ва сокинони шаҳри Хоруғ зирактар ва фаъолтар аз гурӯҳҳои ҷиноятианд.
Таҳлили ҳаводиси охири шаҳри Хоруғ моро ба ин натиҷа мерасонад, ки  гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки солҳо дар минтақа бедодгарӣ кардаанд, намехоҳанд ба осонӣ таслим шаванд. Ин аст, ки бо роҳҳои гуногун мехоҳанд минтақаро ноором созанд ва аз ин ҳисоб бесуботию ноҷурии сунъиро дар кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва интизомии минтақа  ба вуҷуд биоваранд.
Бояд дар ёд дошт, ки оромиши Бадахшон – ҳадафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда ва ҳаст ва он чи ки дар робита бо боздошти ҷинояткорон дар минтақа  сурат мегирад, аслан ба халқ ва мардуми Бадахшон иртибот надорад.
Аз ин ҷост, ки сокинони шаҳри Хоруғ ва мардуми сарбаланди Бадахшон масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар поккории ҷомеа аз  ҷинояткорӣ ва гирудорҳои сунъию сохта дар минтақа бо мақомоти марбутаи давлатӣ ҳамкорӣ менамоянд ва аз ин тариқ дар ободонии диёр саҳми муносиб мегузоранд.
С. КАРИМОВ,
Г. НАВРӮЗШОЕВА,
К. СОБИРИЁН, 
А. АЛИМАҲМАДОВ,
кормандони илмии
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комментарии (0)

Оставить комментарий