БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД
Чанде қабл мусоҳибаи писари Сайидабдуллоҳи Нурӣ - Муҳаммад Нуриро бо сомонаи ифротии хоинони миллати тоҷик бо номи Ислоҳ мутолиа намудам. Зимни мутолиаи мусоҳибаи мазкур бори дигар ба нотавонбинӣ ва андешаҳои ғаразноки бадхоҳони миллати тоҷик рӯ ба рӯ шудам. Дар мусоҳибаи моил ба авлиётарошии Муҳаммад Нурӣ, ки падарашро фаришта вонамуд мекунад оварда мешавад, ки гӯё Сайидабдуллоҳи Нурӣ аз набудани садои тиру туфанг дар фазои кишвар хушҳолӣ мекард ва гӯё хушнуд аз он буд, ки одамон орому осуда зиндагӣ мекунанд. Дар ин маврид суоле пеш меояд, ки агар Сайидабдуллоҳи Нурӣ ҷонибдори дар кишвар ба миён наомадани садои тиру туфанг мебуд ҳангоми оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷараёни он дар кишвар қарор мегирифт ва мардумро аз роҳи бухсу кинаву адоват ва бародаркушиву сӯзонидани хонаи худ – Тоҷикистони маҳбуб боз медошт ва онҳоро ба сӯи иттиҳоду ҳамзистӣ ва андешаи поки дини мубини ислом муъмин бародари муъмин аст даъват менамуд. 
Ба мусоҳиба агар фарохтар назар афканем бори дигар ҳақиқати суҳбатҳои роҳбарони наҳзат ба монанди Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар филми “Решаҳои ноаён” зикр намуда буд ва наҳзатиён онро рад намуданд аз ҷониби Муҳаммад Нурӣ исботи худро дар шахсияти падараш Сайидабдуллоҳи Нурӣ дарёфт. Яъне Қиёмиддини Ғозӣ бар он назар буд, ки кори онҳо таблиғу ташвиқ ва дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа пинҳонӣ ҷой намудани аъзоёни хеш ва оҳиста – оҳиста аз байни кормандони касбу кори гуногун ҷалб намудани аъзоёни нав буд. Ин андеша аз ҷониби Муҳаммад Нурӣ ба суоли “фишорҳои Ҳукумат болои масҷиду ҳиҷоб  ва намоз” ба шакли зери шарҳ дода шуд, ки “шахсоне, ки аз ҷониби мухолифон дар сохторҳои гуногуни  қудратӣ шомил шуда буданд ба ин роҳ намедиҳанд”. Сайидабдуллоҳи Нурӣ ва пайравонаш бар он назар буданд, ки аъзоёни дар қишрҳои гуногуни давлат фаъолиятбарандаи наҳзат ба тамоми кор мисли террору қатлу куштор қодиранд.
Бори дигар дар мусоҳиба оид ба андешаҳои ғаразнок ва бар зидди арзишҳои миллӣ ва давлатдории навини миллӣ даъват намудани мардум аз ҷониби Сайидабдуллоҳи Нурӣ ошкор мегардад. Дар мусоҳиба зикр мегардад, ки мардум бояд аз Ҳукумат ҳаққи худашонро талаб кунанд, дар акси сурат онҳо бутҳои навро шакл медиҳанд. Ин андешаи ғаразнок бори дигар аз ҷониби Муҳаммад Нурӣ ҳамчун сухани падараш садо додан бори дигар мардумро ба сӯи бадбинии давлату миллат равона месозад. 
Дар интиҳо ҳаминро хотирнишон месозам, ки агар дар ҳақиқат ин суханони дар мусоҳиба аз ҷониби Сайидабдуллоҳи Нурӣ, ки аксаран бо ғараз ва туҳмату буҳтон дарҷ шудааст бигзор ҷавобашро дар назди Холиқи Ягона худи Сайидабдуллоҳи Нурӣ бидиҳад ва агар ин суханон аз ҷониби Муҳаммад Нурӣ иловаҳо гардида бошад бояд Нурии хурдӣ аз мардуми тоҷик узрхоҳӣ намояд ва баҳри туҳмату буҳтонҳои беасосаш назди Худованд тавба кунад, зеро:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
Ӯ як накунад то ба худаш сад нарасад...

Маҳмадюсуф Қозиев,
имомхатиби масҷиди ҷомеи 
ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Комментарии (0)

Оставить комментарий