Бемасъулиятии ронанда сабаби хатари мусофирон гардид. БДА-и Хучанд куҷоро назорат мекунад?
Санаи 03-юми январи соли 2019 тақрибан соати 16:00 дар назди кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Хуҷанд садамаи нақлиётӣ рух дод. Аз ҷои ҳодиса ба агентии иттилоотии “Ҳамсинф” хабар доданд, ки ронандаи автомашинаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатии 15-13 НР 02 қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба самти муқобили ҳаракат баромада, дар натиҷа ба автобуси мусофирбари рақами 5 бархӯрдааст. Аз гуфтаи сокинон бармеояд, ки ронандаи автомашинаи Мерседес-Бенс ба чароғаки роҳнамо итоат накарда, бинобар бемасъулиятӣ ба автобуси мусофирбар, ки дар он тақрибан зиёда аз 45-50 нафар мусофирони синну солашон гуногун ҷойгир буданд, бархӯрд.
Комментарии (0)