Барканории Шойгу ва Патрушеву пешниҳоди Белоусов: Кремл тағйироти кадриро шарҳ дод
Президенти Русия, Владимир Путин пешниҳод кард, ки Андрей Белоусов вазири дифои кишвар таъин шавад, хабар дод Шӯрои Федератсия."Шӯрои Федератсия номзадҳоеро, ки президенти Русия Владимир Путин ба раҳбарии як қатор вазорату идораҳои федералӣ пешниҳод кардааст, ба баррасӣ гирифт. Ба мақоми вазири дифои Русия Белоусов Андрей Рэмович пешниҳод шудаст«, — омадааст дар изҳорот.Дар навбати худ раисиҷумҳур Сергей Шойгуро, ки дар мақоми вазири дифоъ буд, дабири Шӯрои амният таъйин кард. Бо як фармони дигар Путин Николай Патрушевро аз ин мақом барканор кард.Тавре котиби матбуотии президент Дмитрий Песков изҳор дошт, далели номзадии Белоусов ба мақоми вазири дифоъ дар он аст, ки ин ниҳод бояд комилан ба навоварӣ, ҷорӣ намудани ҳама ғояҳои пешқадам ва фароҳам овардани шароит барои рақобатпазирии иқтисодӣ боз бошад.
»Мувофиқ кардани иқтисодиёти блоки мудофиавӣ ба иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст, то он ба динамикаи замони ҳозира мувофиқат кунад«, — гуфт Песков. .Андрей Белоусов аз соли 2006 дар хидмати давлатӣ кор мекунад. Солҳои 2006-2008 муовини вазири рушди иқтисод буд. Солҳои 2008-2012 Белоусов мудири департаменти иқтисод ва молияи ҳукумати Русия шуд.Солҳои 2012-2013 вазифаи вазири рушди иқтисодро бар ӯҳда дошт. Аз 24 июни соли 2013 Белоусов ёвари президент шуд ва 13 июни соли 2018 дубора ба ин вазифа таъин шуд. Аз 21 январи соли 2020 дар мақоми муовини аввали сарвазир фаъолият дошт.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)