Омодагии Қирғизистон барои "қабул"-и се ҳазор паноҳанда аз Афғонистон

Омодагии Қирғизистон барои "қабул"-и се ҳазор паноҳанда аз Афғонистон
Дар Қирғизистон рӯзҳои 19-20 ноябр машқҳои вижаи қабул, истиқрор ва дастгирии ҳамаҷонибаи паноҳандаҳо баргузор мешаванд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон.

Машқҳо барои санҷиши омодагии зерсохторҳои ҳудудии Низоми давлатии ҳифзи шаҳрвандӣ ба қабули гурезагон гузаронида мешаванд.

"Дар назар аст, ки барои қабули беш аз 3 ҳазор паноҳанда тавассути бунёди се урдӯгоҳ дар деҳаи Ҷани Ҷери вилояти Ҷалолобод, дар деҳаи Марғуни ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ва дар деҳаи Бордобои ноҳияи Олойи вилояти Ӯш тамринот гузаронид шавад", - омадааст дар хабари Вазорати вазъияти фавкулода.

Дар рафти ин тамрин қабул, гузаронидан аз нуқтаи филтрӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва риояи расмиёти дигар машқ карда мешавад.

Дар тамринот роҳбарони вилоятҳои Ҷалолобод, Ӯш ва Бодканд, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони хадамоти ҳифзи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки тамринот ва унсурҳои амалии қабули муҳоҷирон ба раҳбарияти ситоди ҷумҳуриявӣ дар Бишкек ба таври онлайн намоиш дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки пештар раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки эҳтимол аст, Қирғизистон паноҳандагон аз Афғонистонро қабул кунад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий