Президант ба Қуръон қасам ёд кард

Президант ба Қуръон қасам ёд кард
Дар шаҳриТошканд, пойтахти Ӯзбекистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев баргузор шуд. Сарвари давлат дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони кишвар дар Сенат (палатаи болоии парлумон) савганд ёд кард. Соли 2016 ин маросим дар бинои Палатаи қонунгузорӣ (палатаи поёнии парлумон) баргузор шуда буд. Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Зайниддин Низомхоҷаев ба Мирзиёев шаҳодатномаи президентиро супурд. Пас аз он сарвари давлат дасти худро рӯи конститутсия ва Қуръон гузошта, ба мардуми Ӯзбекистон савганд ёд кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий