Мирзиёев сардори Ӯзкомназоратро барои маҳдудсозии шабакаҳои иҷтимоӣ аз кор ронд

Мирзиёев сардори Ӯзкомназоратро барои маҳдудсозии шабакаҳои иҷтимоӣ аз кор ронд
Чанде пеш дар қаламрави Ӯзбекистон дастрасӣ ба Telegram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои машҳур маҳдуд шуда буд

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия (Ӯзкомназорат) Ғолибшер Зиёевро барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазифа озод кард, гуфт дафтари матбуоти президент.

Ҳамин тариқ, дар Ӯзбекистон дастрасӣ ба Telegram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои машҳур маҳдуд карда шуд.

"Сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия (Ӯзкомназорат) Ғолибшер Зиёев барои иқдомҳои ғалат ва ҳамоҳангнашудааш аз вазифааш озод карда шуд", - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Манбаъ афзуд, дар робита ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ гузаронида хоҳанд шуд.

“Аз рӯи натиҷаҳои тафтишот нисбати ҳамаи раҳбарони масъули ин ҳодиса чораҳои мушаххас андешида мешаванд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Қаблан “Ӯзкомназорат” хабар дод, ки ба далели нақзи қонун дар бораи маълумоти шахсӣ, дастрасӣ ба шабакаҳои Telegram, Facebook, Odnoklassniki, YouTube, Instagram дар ҷумҳурӣ маҳдуд карда шуд.

Ин ниҳоди давлатӣ тавзеҳ дод, ки маҳдудиятҳо ба далели нигоҳдорӣ ва коркарди маълумоти шахсии шаҳрвандони Ӯзбекистон берун аз қаламрави ҷумҳурӣ ҷорӣ шудаанд.

Чанд соат пас аз ин дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки бо фармони Мирзиёев тамоми маҳдудиятҳо лағв шуда, фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар ояндаи наздик пурра барқарор хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Вазорати рушди фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ хабар дод, ки таваққуф дар кори шабакаҳои иҷтимоӣ ба далели "нуқсонҳои фаннӣ дар таҷҳизоти кӯҳна" сурат гирифтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий