Посухи Қирғизистон ба Имомзода: "донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон таъқиб намешавад"

Посухи Қирғизистон ба Имомзода: "донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон таъқиб намешавад"
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил мекунанд, мавриди таъқиб қарор нагирифтаанд ва нохоҳанд гирифт, менависад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба Вазорати маорифи он кишвар.

Ин изҳороти Вазорати маорифи Қирғизистон гӯё посух ба иддаои Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маорифи Тоҷикистон аст.

Бар хабари манбаъ, Имомзода гӯё қаблан аз он нигаронӣ намудааст, ки донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон таъқиб мешаванд.

"Дар давоми соли таҳсили 2020 -2021 дар донишгоҳҳои Қирғизистон 1932 шаҳрванди Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз моҳи апрел то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик ба Вазорати маориф ва роҳбарияти донишгоҳҳо ягон арзу шикоят ворид нашудааст", - омадааст дар матни посухи Вазорати маориф ба вазири тоҷик.

Илова бар ин, манбаъ меафзояд, ки вазорат кӯшиш пайваста ба донишҷӯёни тоҷик кӯмак мекунад ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий