Тирпарронӣ дар масҷиди Қирғизистон: гумонбар боздошт шуд

Тирпарронӣ дар масҷиди Қирғизистон: гумонбар боздошт шуд
Аз як марди 63-сола як таппончаи травматикӣ бо патрон мусодира шуд

Дар яке аз деҳаҳои минтақаи Чуй марде ба ҷони мардум таҳдид карда, сӯи масҷид тир холӣ кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Чуй.

Як сокини маҳаллӣ аз пулис хоҳиш кардааст, ки нисбати марде, ки рӯзи 15 июн дар ҳолати мастӣ ба масҷид омада, силоҳи оташфишон баровардаву ба ҷони намозгузорон таҳдид кардааст, чора андешад.

Вай таппончаро ба пешонии як нафар гузошт, сипас ду бор ба девор тир холӣ кард ва ғайб зад. Аз рӯи далели авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони ҳифзи ҳуқуқ як гумонбари 63-соларо боздошт карданд. Аз ӯ як таппончаи травматикӣ патронҳо мусодира карда шуд.

Манбаъ афзуда, ки тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий