Дар Фаронса мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд доир гардид

Дар Фаронса мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд доир гардид
Зимни ҷаласа гурӯҳи мониторингӣ, ки ҷараёни иҷрои тавсияҳои шабакаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор дода буд, вобаста ба 9 самти баҳодиҳӣ, аз ҷумла сиёсати зиддикоррупсионӣ, бархӯрди манфиатҳо ва эъломиякунонии дороиҳо, ҳимояи хабаррасонҳо, покниҳодӣ дар тиҷорат, покниҳодӣ дар самти хариди давлатӣ, мустақилияти ҳокимияти судӣ, мустақилияти мақомоти прокуратура, ниҳодҳои махсуси мубориза бо коррупсия ва ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ибрози андеша намуданд.

Тибқи барномаи кории нишаст, 17 сентябри соли равон ҳисоботи давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон шунида ва баррасӣ шуда, ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Узбекистон ҳисоботи мониторингиро 18 сентябр ҳимоя намуданд.

Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ҳайати расмӣ доир ба азму иродаи қотеъонаи мақомоти Тоҷикистон дар амалигардонии сиёсати байналмилалии зиддикоррупсионӣ ва муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб изҳори назар намуда, тақвияти кӯшишҳои дастҷамъона ва ҳамкории густурдаро дар ин самт яке аз роҳҳои муассири ноил гардидан ба ин ҳадафҳои нақшавӣ арзёбӣ намуд.

Зимнан намояндагони ҷумҳуриҳои Булғористон, Арманистон, Босния ва Герсоговина доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, ба роҳ мондани хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, таҳкими фазои мусоиди сармоягузорӣ, инчунин фаъолияти мақомоти бо коррупсия муборизабаранда ба ҳайати расмии мамлакат саволҳо пешниҳод карда, доир ба он ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Дар умум ҷаласа дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҷрибаи андӯхта барои густариши ҳамкории судманд бобати ба роҳ мондани муқовимати дастҷамъона ба коррупсия дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий