Таваррум дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар моҳи июн ҳамагӣ 0,6% ташкил дод

Таваррум дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар моҳи июн ҳамагӣ 0,6% ташкил дод
Таваррум солона дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) 8,1%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё."Индекси нархҳои истеъмолии мол ва хизматрасонӣ дар ИИАО дар моҳи июни соли равон нисбат ба моҳи майи соли 2024 0,6% ва аз моҳи декабри соли 2023 — 3,7% -ро ташкил дод«, — омадааст дар гузориш.Мувофиқи маълумоти нашркардаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ин рақам то июни соли гузашта 8,1% буд.
Гуфта мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ „ба таври назаррас боло рафтани нархи хизматрасониҳои пулакӣ (6%) дар ин давра нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,5% ва маҳсулоти ғайриозуқа 2,4% боло рафтааст“. 
Се кишвари пешқадаме, ки дар он болоравии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайриозуқа ва хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудааст ин Русия, Қазоқистон (бо нишондиҳандаи 3,9% аз моҳи декабри соли гузашта барои ҳарду кишвар) ва Беларус (+3,4%) мебошанд.
Дар моҳи июни соли равон дар муқоиса бо моҳи декабри соли гузашта болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ИИАО дар Русия (3,8 фоиз) ва Беларус (3,7 фоиз) ба қайд гирифта шуда, аммо дар Арманистон (1,7 фоиз) коҳиш ёфт.
Афзоиши бештари нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон (4,5%) ва Қазоқистон (3,5%), коҳиши нархҳо дар Арманистон (2,4%), хизматрасонии пулакӣ дар Қирғизистон (9,9%) ба қайд гирифта шудааст.

САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий