Русия интиқоли пулро ба Қазоқистону Қирғизистон маҳдуд кард

Русия интиқоли пулро ба Қазоқистону Қирғизистон маҳдуд кард
Бонки марказии Русия аз 16 апрел интиқоли пулро ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ветнам, Чин, Қирғизистон ва Қазоқистон тавассути низомҳои пардохтӣ маҳдуд кардааст. Дар ин бора нашрияи "Ведомостӣ" бо истинод ба се манбаи огаҳ аз қазия хабар додааст.

Дар як моҳ ба Қазоқистон интиқоли 150 ҳазор рубл ва барои кишварҳои дигар 100-ҳазоррублӣ иҷозат дода шудааст. Ба гуфтаи манбаи нашрия, Бонки марказии Русия тавассути ин иқдоми худ мехоҳад, бо амалиёти пинҳонӣ, аз ҷумла соҳибкории ғайрирасмӣ мубориза барад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати дигари нашрия, шаҳрвандони хориҷие, ки дар бозорҳои Русия савдо мекунанд, худро ҳамчун соҳибкор ба қайд намегиранд ва ба воситаи низомҳои пардохтӣ пули молҳояшонро мефиристанд. Ба ҳисоби бонк, аз ҳама бештар маблағ ба чаҳор кишвари мазкур интиқол дода мешудааст.

Бино ба иттилои РБК, соли 2018 ба воситаи низомҳои пардохтӣ ба Қирғизистон $1,3 млрд, ба Чин $675 млн, ба Қазоқистон $392 млн ва ба Ветнам $175 млн фиристода шудааст.

Бонки марказии Русия мегӯяд, соли гузашта ҳаҷми маблағе, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварҳои худ фиристоданд, ба сатҳи рекордӣ -- $529 млрд расидааст, ки нисбат ба соли 2017 9,6% бештар мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий