Дар Душанбе волидони як хонандаро барои арақхӯрӣ дар Рӯзи дониш "ҷазо" медиҳанд

Дар Душанбе волидони як хонандаро барои арақхӯрӣ дар Рӯзи дониш "ҷазо" медиҳанд
Ёздаҳ тан аз хонандагони синфҳои болоии мактаби рақами № 56 -и ноҳияи Сино Рӯзи донишро дар тарабхонаи «Роҳат» ҷашн гирифтанд.Шояд зиёфати онҳо бидуни дахолати милитсия мегузашт, агар яке аз онҳо шароб наменӯшид.Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар Душанбе хабар дод, ки аз зиёфатхӯрии онҳо кормандони милитсия зимни баргузории чорабиниҳои мақсаднок огоҳ шуданд.Манбаъ афзуд, ки дар тарабхонаи «Роҳат» 11 нафар хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11, ки ҳамаи онҳо дар мактаби рақами № 56 таҳсил мекунанд, Рӯзи донишро қайд намуданд."Муайян карда шуд, ки як нафар синфи 11 муассисаи мазкур машрубот истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ қарор дорад«, — омадааст дар хабари Раёсат.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни 11-нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.Ҳамзамон нисбати маъмурияти тарабхонаи мазкур низ бинобар ба ноболиғ ба фурӯш гузоштани машрубот протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардид.Манбаъ зикр накард, ки волидону маъмурияти тарабхонаро чӣ ҷазо интизор аст, танҳо ёдрас кард, ки волидон бояд дар таълиму тарбияи фарзандони худ масъӯулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий