Душанбе бо Маскав дар мавзуъи назм додан ба муҳоҷират аз Тоҷикистон ҳамсӯ аст

Душанбе бо Маскав дар мавзуъи назм додан ба муҳоҷират аз Тоҷикистон ҳамсӯ аст
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хостори иқдомоти хирадмандона шудааст, то муҳоҷирони кории ҳалолкор осеб набинанд.Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ хабар дод."Ман дар худи Русия зарурати муқаррар намудани тартиботи мукаммалро дарк ва ҷонибдорӣ мекунам, ки бисёриҳо забони русиро надониста, бо роҳҳои номаълум шаҳодатномаҳо дар бораи донистани забони русӣ мехаранд, вале онро бояд хирадмандона анҷом дод«, — гуфт ӯ.Муовини вазир қайд кард, ки шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия қонунӣ кор доранд ва тамоми меъёрҳои ҳуқуқиро риоя мекунанд, набояд аз ин тағйирот зарар бинанд."Нафароне, ки воқеан барои кор омадаанд, дар асоси патент софдилона кор мекунанд, азоб мекашанд«, — гуфт муовини вазир.
Ба гуфтаи вай, оморе, ки Вазорати меҳнати Тоҷикистон дарёфт кардааст, нишон медиҳад, ки теъдоди гирифтани патентҳои корӣ аз сӯйи муҳоҷирони корӣ дар Русия коҳиш ёфтааст."Агар шумори гирифтани патентҳоҳоло 644 ҳазор бошад, соли гузашта 726 ҳазор нафарро ташкил дод, бисёриҳо рафтанд«, — қайд кард ӯ.
Хонум Нодирӣ қайд кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ на танҳо ба манфиатҳои кишвари аз он муҳоҷир меравад, яъне Тоҷикистон, балки то андозае ба манфиатҳои кишваре, ки муҳоҷири корӣ дар он кор мекунад, мебошад."Дар ин самт мо бо мақомоти ваколатдори Русия — Вазорати меҳнат, Роструд, Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкориҳои хуби дуҷониба ба роҳ мондаем, дар ин самт кор карда истодаем ва кор идома хоҳад ёфт«, — гуфт ӯ.Муовини вазир тавзеҳ дод, ки беш аз 60%-и муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Маскав ва вилояти Маскав кор мекунанд, ки маблағи патент 7,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад."Агар шумо маблағи умумиро ҳисоб кунед, пас ҳар моҳ ба буҷаи Маскав ва вилояти он маблағи ҳангуфт ворид мешавад«, — гуфт мақомдори тоҷик.
Ҳамзамон, ҳамсӯҳбати агентӣ тавзеҳ дод, ки муҳоҷирони корӣ на танҳо ба ватан пул мефиристанд, балки пули худро дар қаламрави Русия — иҷораи манзил, ғизо, либос, алоқаи мобилӣ ва ғайра сарф мекунанд. Аммо аз ҳама муҳим дар он аст, ки маҳсули фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия боқӣ мемонад.
»Агар дар бораи сохтмон сухан ронем, инҳо иншоотҳое ҳастанд, ки бо дасти шаҳрвандони мо сохта шудаанд ва дар бюораи он бояд ҳамеша гуфт«, — илова кард хонум Нодирӣ.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий