Дархости толибон* аз Узбекистон барои сармоягузорӣ дар истихроҷи маъодини Афғонистон

Дархости толибон* аз Узбекистон барои сармоягузорӣ дар истихроҷи маъодини Афғонистон
Дафтари матбуоти вазорати санъату тиҷорати ҳукумати толибон* аз дидори Нуриддин Азизӣ сарпарасти ин вазорат бо Бобир Исломов вазири саноати кӯҳӣ ва геологияи Узбекстон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, вазири узбекистонӣ хоҳони ақди мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи истихроҷи маодин ва ҳимоят аз сармоягузорӣ дар ду кишвар шудааст.Вай бо ишора ба таъсиси ду корхонаи бузурги тавлиди мис дар Узбекистон таъкид кард, ки ниёзи маводи хоми ин корхонаҳо бо иктишофу истихроҷи маодини Афғонистон маъруф хоҳад шуд.Дар идома Нуриддин Азизӣ низ ба далели наздикии масир ва дастрасии осон ба бозорҳои минтақа аз ҳамтои узбекистониаш сармоягузории он кишвар барои истихроҷи маодини нафту гази шимоли Афғонистонро хостор шуд.
Вай ҳамчунон сармоягузории Узбекистон дар истихроҷи маодини миси вилоёти Ғазниву Ҳирот ва эҳдоси фабрикаҳои тавлиди маводи маъданӣ дар Афғонистонро пешниҳод кард.
Дар ахир мувофиқат шуд, ки ҳайати расмии Узбекистон ба ҳамоҳангии яке аз вазоратҳои Афғонистон барои таҳқиқ ва корҳои техникӣ ба Афғонистон сафар кунад.Узбекистон ва Афғонистон ахиран низ дар бораи эҷоди хонаи тиҷорати ду кишвар тавофуқ карданд.Ёдовар мешавем, ки ахиран ҳайати муштараки давлатӣ ва бахши хусусӣ ба раёсати Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъату тиҷорати толибон* ба Узбекистон рафт.*- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий