Довталабон аз Қазоқистон 100 имкони таҳсили ройгон дар Тоҷикистон доранд

Довталабон аз Қазоқистон 100 имкони таҳсили ройгон дар Тоҷикистон доранд
Мақомоти Тоҷикистон барои шаҳрвандони Қазоқистон 100 бурсияи таълимӣ ҷудо кардаанд.
Дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ, донишҷӯёни қазоқистонӣ метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, тиббӣ ва гуманитарӣ таҳсил кунанд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон хабар додааст.Зикр гардидаст, ки аз 20 майи соли 2024 дар чаҳорчӯби созишномаи ҳукуматҳои ду ҷумҳурӣ қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон оғоз гардид.
Барои шаҳрвандони Қазоқистон 100 грант ҷудо карда шудааст, ки аз рӯи ихтисосҳои техникӣ — 50 ҷой, ихтисосҳои тиббӣ — 5 ҷой ва ихтисосҳои гуманитарию иқтисодӣ — 45 ҷойро дар бар мегиранд.
Бар асоси паёми вазорат, дарсҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат хоҳанд гирифт. Гуфта мешавад, ки ин грант таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, стипендияи ҳармоҳа тибқи қонунгузории миллӣ ва хизматрасонии тиббиро фароҳам меорад.Хароҷоти нақлиёту манзилро дорандаи грант мустақилона пардохт мекунад, таъкид намудаст Вазорати маорифи Қазоқистон.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий