Роҳи дигар нест: ҷаҳон ба муҳоҷирон умед дорад

Роҳи дигар нест: ҷаҳон ба муҳоҷирон умед дорад
Эҳсосот дар ин мавзӯъ одатан ҷӯш мезананд, аммо биёед оромона андеша кунем, ки оё мо дар ҳақиқат ба он ниёз дорем.Аввалан, ин кишварҳо кайҳо боз як роҳи боэътимоди содирот ва воридоти дуюмдараҷаи ҳама гуна молҳои зери таҳрим қарордошта гаштаанд. Ба ҳамин тариқ, шаҳрвандони мо ва ин кишварҳо рафтуои озодона доранд. Мо роҳамонро аз Осиёи Миёна баста, худамон бо дастони худ пардаи оҳанинро дар атрофи Русия мефурорем. Мо аллакай дар замони шӯравӣ паси пардаи оҳанин хеле вақт зиндагӣ мекардем ва он давра то ҳадде дар хотир боқӣ мондааст.Сониян, рақибони стратегии мо ин минтақаро бошиддат забт карданианд. Ва агар мо аз он даст кашем, он гоҳ ба зудӣ таҳдиди ошкори низомӣ пайдо хоҳанд дошт. Боз як «Украина"-и дигар пайдо шуданаш мумкин.
Сеюм, аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар кишвари мо нарасидани қувваи корӣ ҷиддан эҳсос мегардад. Агар манзараи сеҳрангезеро тасаввур кунем, ки миллионҳо муҳоҷири корӣ ногаҳон аз Русия ғайб задаанд, иқтисоди миллии мо, мулоим карда гӯем, ба мушкилоти ҷиддӣ дучор хоҳад шуд. 
Мо аз ин чашм пӯшида наметавонем, ки пиршавӣ ва коҳиши аҳолӣ мушкилоти тамаддуниҷаҳонӣ аст. Омори ахири нашркардаи «Нюсуик» миқёси мушкилотро дар намунаи «палангҳои Осиё» аённишон медиҳад.
Имрӯз, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон муҳаррикҳои асосии рушди ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, пешгӯиҳо дар бораи ояндаи онҳо тира аст, бо ба инобат гирифтани суръати баланди пиршавии аҳолӣ, ки онҳо нишон медиҳанд, ба зудӣ аз мӯъҷизаи иқтисодии онҳо осоре боқӣ нахоҳад монд. Низоми таъминоти иҷтимоӣ ва тандурустии онҳо хароб мешавад ва истеҳсолот аз нарасидани кадрҳо азоб хоҳад кашид, аллакай дар Хитой бисёр ҷавонон ба кор рафтан не, балки ба хешовандони кӯҳансолашон барои гирифтани маоши мувофиқёрӣ расонданро афзалтар медонанд.
Ҳукуматҳои кишварҳои Осиё борҳо кӯшиш карда буданд, ки сатҳи таваллудро зиёд кунанд ва барои ҳавасмандгардонӣ садҳо миллиард доллар сарф карданд. Дар Кореяи Ҷанубӣ ҳоло як ширкати сохтмонӣ ба кормандонаш барои кӯдаки навзод 75 ҳазор доллар пардохти яквақта пешниҳод мекунад.

Натиҷаҳо, мутаассифона назаррас нестанд. Кореяи Ҷанубӣ бо сатҳи таваллуд аксулрекордҳо гузошта истодааст. Чин ҳашт сол пеш аз сиёсати «як оила — як фарзанд» даст кашид, аммо волидони чинӣ комилан намехоҳанд, ки фарзанди дуюм дошта бошанд.

Гап дар сари он аст, ки шаҳрвандони кишварҳои осиёӣ дар зеҳнашон «стандарти тиллоӣ» доранд: фарзанди ягона бояд фақат бо баҳои «5» мактабро хатм кунад, ба донишгоҳи амрикоӣ ё беҳтарини маҳаллӣ дохил шавад ва баъдан маоши хуб бигирад ва волидонашро нигоҳубин кунад. Ҳамин тариқ, тамоми захираҳои оила — вақт, муҳаббат, пул барои расидан ба ин ҳадаф равона карда мешаванд.
Аввалан кӯдакистони беҳтарини гаронарзиш, баъд мактаби гаронбаҳо, баъдан тамоми пасандозҳо барои таҳсил ба донишгоҳ равона мешаванд. Ва танҳо пас аз гирифтани диплом, лоиҳаи тиҷоратии «императори хурд» анҷомшуда ҳисобида мешавад. Маълум аст, ки дар ин пойгаи ботилии волидайн барои фарзанди дуюм на қувва, на вақт ва на пулмемонад.
Ва ба ҳар ҳол кӯдакони имрӯза баъди бист сол аъзои муфиди ҷомеа мешаванд, аммо ниёз ба коргар айни замон ҳис мегардад. Ин аст, ки имрӯз дар Чин беш аз сесад миллион муҳоҷир кор мекунанд ва Кореяи Ҷанубӣ ҷавононикишварҳои гуногунроба муҳоҷират ташвиқ мекунад ва ҳатто Ҷопони ба таври анъанавӣ «баста» бештар мутахассисони хориҷиро даъват мекунад.
Ин маънои онро надорад, ки дастгирии хонаводаҳо ва волидон дар кишвари мо лозим нест, баръакс, Русия тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, ки ба модарону падарони оянда кӯмаки молиявӣ расонад. Кор бодиққат ва нозук анҷом дода мешавад, масалан, маблағгузории пардохтҳо ба оилаҳо ҳоло барои минтақаҳои дорои сатҳи пасти таваллуд , пеш аз ҳама Русияи Марказӣ зиёд карда шудааст.
Бо вуҷуди ин, рӯирост бояд гӯем, ки дар ҷаҳон ягон мамлакати бой нест, ки танҳо бо дастгирии сатҳи таваллуд аз бӯҳрони демографӣ баромада тавонад. Дар пешгӯии Росстат то соли 2036 ҳадаф эҳтиёткорона таҳия шудааст — ҳадди аққал нигоҳ доштани сатҳи умумии таваллуд дар сатҳи 1,5 кӯдак ба як зан.Ин кор боз ҳам мушкилтар хоҳад буд, зеро насли заноне, ки ба синни таваллуд ворид шудаанд, хеле кам аст. Инро ба қавле «кӯдакони солҳои 90-ум» меноманд. Аммо ҳатто барои сатҳи такрористеҳсоли оддӣ, ин рақам бояд аз 2,12 зиёдтар бошад.Он кишварҳои сарватманд, ки тавонистаанд таваллудродар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд, ин корро аз ҳисоби муҳоҷирон анҷом медиҳанд. Фаронса ин корро бо таносуби хеле бонуфузи 1,83 кӯдак ба як зан анҷом медиҳад. Ин аст он чизе, ки дар Иёлоти Муттаҳида рух медиҳад (1,64) — дар солҳои охир онҳо тавонистанд ба афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби убури миллионҳо муҳоҷирон аз сарҳади ҷанубӣ ноил шаванд. Сокинони Амрикои Лотинӣ ягона ақаллияте ҳастанд, ки дар он мизони таваллуд на коҳиш, балки афзоиш меёбад.Бале, сарвати Русия бартарии рақобатии он аст, ки одамон аз минтақаҳои камтар тараққиёфта пеши мо меоянд ва хоҳанд омад. Бисёриҳо мустақиман бо заминҳои худ меоянд, чунончӣ сокинони Қрим, ё Новороссия. Вазифаи мо танҳо танзим ва ба тартиб даровардани ҷараёни муҳоҷират аст.Ба баргаштани русҳо аз ҳар гӯшаи ҷаҳон афзалияти мутлақ бояд диҳем. Гирифтани шаҳрвандиро ба сохтакорӣтабдил надиҳем. Қонунҳоро дар бораи муҳоҷирон қатъиян риоя кунем ва аз онҳо низ риояи ин қавонинро қатъиян талаб намоем. Мисолҳои бешумори кишварҳое мавҷуданд, ки муҳоҷиратро ба хидмати рушди худ гузоштаанд, танҳо ба Аморати Муттаҳидаи Араб нигаред.Мутахассисон имрӯз дар ҳақиқат ҳама чизро ҳал мекунанд. Рӯ гардондан аз онҳо маънои гирифтор сохтани кишвар ба рукуд, таназзул ва фақр мебошад. Магар ин барои мо лозим аст?


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий