Артиши Русия боз як деҳаи дигарро дар вилояти Харков таҳти назорат гирифт
Вазорати дифои Русия гуфт, нирӯҳои Русия рустои Старитсаи вилояти Харковро озод карда, амалиёти худро дар ин минтақа идома доранд."Артиши Русия дар натиҷаи амалиёти низомӣ, деҳаи Старитсаи вилояти Харковро озод намуда, пешравӣ ба умқи хати дифои душманро идома доданд«, — омадааст дар хабар.
Се деҳа — Избитское, Старитса ва Бугроватка барои Куввахои Мусаллахи Украина хатти муҳими дифоӣ меӣошад. Агар нерӯҳои Русия тавонистанд ба ин ҷо ворид шаванд, ин Волчанскро ду тақсим мекунад ва пас аз он вазъи артиши Украина дар шаҳр мушкил хоҳад шуд.Ба иттилои манбаъ, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин минтақа ҳудуди 150 нафар кушта ва захмӣ, як танк, ду мошини зиреҳпӯш ва ду мошини ҷангиро ташкил додааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки анбори муҳимоти саҳроии нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ тахриб шудааст.
Виталий Ганчев, раиси ҳукумати вилоят рӯзи 14 май гуфт, ки гурӯҳи шимолӣ алакай ғарб ва шимоли Волчанскро таҳти назорат қарор додааст. Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар навбати худ иқрор шуд, ки воҳидҳои украинӣ маҷбур шудаанд, ба „мавқеъҳои муфидтар“ дар ин минтақа ақибнишинӣ кунанд.Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Ганчев, дар шимоли ин минтақа беш аз 200 километри мураббаъ озод карда шудааст.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Се деҳа — Избитское, Старитса ва Бугроватка барои Куввахои Мусаллахи Украина хатти муҳими дифоӣ меӣошад. Агар нерӯҳои Русия тавонистанд ба ин ҷо ворид шаванд, ин Волчанскро ду тақсим мекунад ва пас аз он вазъи артиши Украина дар шаҳр мушкил хоҳад шуд.Ба иттилои манбаъ, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин минтақа ҳудуди 150 нафар кушта ва захмӣ, як танк, ду мошини зиреҳпӯш ва ду мошини ҷангиро ташкил додааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки анбори муҳимоти саҳроии нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ тахриб шудааст.
Амалиёт дар вилояти Харков
Ёдовар мешавем, ки артиши Русия дар вилояти Харков амалиёти низомиро оғоз намуданд. Тибқи иттилои вазорати дифои Русия дар давоми як хафта онҳо 12 деҳа: Борисовка, Бугроватка, Гатише, Глубокое, Красное, Лукянтсы, Мороховетс, Огуртсово, Олейниково, Плетневка, Пилная ва Стречеяро озод карданд.Виталий Ганчев, раиси ҳукумати вилоят рӯзи 14 май гуфт, ки гурӯҳи шимолӣ алакай ғарб ва шимоли Волчанскро таҳти назорат қарор додааст. Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар навбати худ иқрор шуд, ки воҳидҳои украинӣ маҷбур шудаанд, ба „мавқеъҳои муфидтар“ дар ин минтақа ақибнишинӣ кунанд.Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Ганчев, дар шимоли ин минтақа беш аз 200 километри мураббаъ озод карда шудааст.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)