Мураббии тоҷик дар Ӯзбекистон мақоми нав гирифт

Мураббии тоҷик дар Ӯзбекистон мақоми нав гирифт
Мутахассиси тоҷики риштаи футбол, Ҳаким Фузайлов сармураббии бошгоҳи «Хоразм"-и Ӯзбакистон шуд, ки дар Про-лига бозӣ мекунад.Фузайлов дар Ӯзбекистон бо он шинохта мебошад, ки тимҳои ин кишвар таҳти роҳбарии ӯ аз Про-лига ба Лигаи олӣ роҳ меёбанд.Тайи се соли охир «Динамо"-и Самарканд ва баъд «Бухоро"-ро тарбия карда, то ба Лигаи олии Ӯзбекистон расонд.Маврид ба зикр аст, ки феълан тими «Хоразм» баъди 8 даври про-лига бо 10 хол дар зинаи 5-ум қарор дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки Фузайлов муваффақиятҳояш дар дигар тимҳоро дар ин даста низ такрор мекунад ё на.
Соли гузашта вазъи саломатии мутахассиси варзидаи тоҷик сабаби аслии рафтанаш аз дастаи «Бухоро» гуфта шуда буд. Маврид ба зикр аст, ки мураббӣ соли 2022 ба дастаи узбекистонии «Бухоро» гузашта буд.Ҳамчунин ӯ, дастаро аз Про-лига ба Лигаи олии кишвар бароварда, соҳиби медали нуқра кард.Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи «Бухоро» ва «Динамо"-и Самарқанд оғоз шудааст. Ҳамчунин аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар «Ростов» ва «Локомотив"-и Маскав мураббии селексионер буд.
Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти «Локомотив» -и Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин гардида буд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои «Истиқлол» ва «Куктош"-ро тамрин додааст. Баъдан сармураббии тими «Каганат"-и Қирғизистон ва дастаи «Хуҷанд"-и Тоҷикистон буд. Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий