Путин шарҳ дод, ки чаро нахустин сафари хориҷияшро аз Чин оғоз мекунад
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Чин аввалин кишварест, ки пас аз савгандёдкунӣ ба далели сатҳи бесобиқаи шарикии стратегӣ боздид мекунад.Ин ҳарфҳоро кишвардори Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории Синхуа дар арафаи сафари давлатии худ изҳор дошт."Маҳз сатҳи бесобиқаи баланди шарикии стратегӣ байни кишварҳои мо буд, ки интихоби ман Чинро ҳамчун аввалин давлате, ки пас аз расман ба вазифаи Президенти Федератсияи Русия ворид шуданам ба он сафар хоҳам кард, муайян кард«, — гуфт ӯ.Путин изҳор дошт, ки равобити Русия ва Чин ба баландтарин сатҳ дар таърих расидааст ва сарфи назар аз вазъи душвори ҷаҳон, онҳо таҳким меёбанд."Имрӯз муносибатҳои Русия ва Чин ба сатҳи баландтарин дар таърихи худ расидаанд ва сарфи назар аз вазъи душвори ҷаҳон, онҳо таҳким меёбанд«, — гуфт роҳбари Русия.Вай ҳамчунин таъкид кард, ки равобити тиҷоративу иқтисодӣ миёни Федератсияи Русия ва Чин бо суръати баланд рушд карда, иммунитети устувори худро ба чолишҳои беруна ва падидаҳои бӯҳронӣ нишон медиҳад.Путин аз ҳамкориҳои стратегӣ дар бахши энержӣ ва кор дар тарҳҳои нави бузург ёдовар шуда, ба динамикаи хуби таҳвили маҳсулоти кишоварзии Русия ба бозори Чин, татбиқи ташаббусҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ, фаъолияти устувори нақлиёт ишора кард."Дар мавриди нақшаҳои худ мо кӯшиш хоҳем кард, ки ҳамкориҳои наздиктарро дар соҳаи саноат ва технологияҳои олӣ, кайҳон ва атоми осоишта, зеҳни сунъӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дигар бахшҳои инноватсионӣ ба роҳ монем«, — иброз дошт ӯ.
Путин дар бораи равобити фарҳангӣ ва гуманитарӣ гуфт, ки Федератсияи Русия ва Чин бар принсипҳои гуногунии фарҳангӣ устуворанд ва ҷонибдори ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошанд.Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар бораи санъати ҳарбии чинӣ маълумоти зиёд дорад, ба фалсафаи чинӣ эҳтиром дорад, аъзои хонаводааш низ ба Чин таваҷҷуҳ доранд ва бархе аз онҳо забони чиниро меомӯзанд.Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия рӯзҳои 16-17 май бо сафари давлатӣ ба Чин меравад.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)