Доллару рубл дар Тоҷикистон арзон шуданд

Доллару рубл дар Тоҷикистон арзон шуданд
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи се асъори калидии хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ арзон шудаанд.Ба иттилои ин ниҳод феълан ҳазор рубли Русия бо нархи 118,5 сомонӣ муомилот мешавад. Қабл аз рӯзҳои истироҳат ин нишондод 119,8 сомониро ташкил дода буд.Манбаъ қурби доллари ИМА-ро — 10.9069 сомон ва евро — 11. 7227 сомонӣ гуфт, ки ҳардуяшон ҳам поин рафтаанд.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ барои 1 доллари ИМА аз 10.9069 то 10.9200 сомонӣ, 1 евро аз 11.7227то 11.8100 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 118,5 то 120 сомониро ташкил медиҳад. 
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий