Суҳбати Путину Раҳмон: Асосан аз муҳоҷирон гуфтанду иштироки якҷоя дар иди Ғалаба

Суҳбати Путину Раҳмон: Асосан аз муҳоҷирон гуфтанду иштироки якҷоя дар иди Ғалаба
Президенти Русия, Владимир Путин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.Ба иттилои Кремл, дар ин суҳбат масъалаҳои ширкати муштарак дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав баррасӣ шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он даъват шудаст."Дар фазои корӣ ва созанда доир ба баъзе мавзӯъҳои кунунии дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиди террористӣ, инчунин дар соҳаи муҳоҷират табодули афкор сурат гирифт«, — омадааст дар иттилоия.
Роҳбарон дар ин замина тавофуқ кардаанд, ки механизмҳои ҳамкории байни вазорату идораҳои дахлдор такмил дода шаванд.Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки талошҳои ахири нерӯҳои муайян барои ба таври сунъӣ шиддат бахшидани вазъ дар атрофи муҳоҷирони корӣ, ҷилавгирӣ шуда, ба равобити бародаронаи халқҳои ду кишвар халал ворид карда наметавонад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ҷониби Душанбе аз бархе ҳолатҳои роҳ наёфтани тоҷикистониҳо ба Русия изҳори нигаронӣ карда буд.Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷикаш, Сироҷиддин Муҳриддин суҳбати телефонӣ анҷом дода, зиёд шудани санҷишҳоро ба масоили амниятӣ дар пайи ҳаводиси „Крокус Сити Холл“ рабт дод, ки ба гуфтаи ӯ зидди миллату дине равона нашудаанд.


САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий