Як минтақаи дигари Русия таксирониро барои муҳоҷирон манъ кард
Ба муҳоҷирон дар вилояти Курск кор кардан дар бахши таксиронӣ манъ карда шуд.Дар ин бора губернатори вилояти Русия Роман Старовойт хабар дод.Вай ҳушдор дод, ки чунин мамнӯъиятҳо метавонанд дар дигар соҳаҳо низ ҷорӣ шаванд."Ман дар пеши назари шумо қарореро имзо мекунам, ки дар он манъи ҷалби муҳоҷирон барои кор дар таксиҳо дар дигар соҳаҳо низ қабул карда мешавад«, — гуфт дар ҷаласаи фаврӣ Старовойт.Қаблан, рӯзи 25 апрел раиси вилоят дар шабакаи Telegram назарсанҷӣ анҷом дод, ки дар он имкон буд, аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар кори шаҳрвандони хориҷӣ дар таксиҳо ҷонибдорӣ ё муқобили он изҳори назар кард.Тибқи натиҷаҳои пурсиш, 82% иштирокчиён ин ташаббусро дастгирӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки мамнӯъияти кор дар таксиҳо барои муҳоҷирон алакай дар вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан, Челябинск, Калуга ва Тюмен ва ҳамчунин дар Ёқутистон ва Қрим низ амал мекунад.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)