Афзоиши парвозу низоми ягонаи энергетикӣ ва 400 корхона: Ҷузъиёти суҳбати Раҳмону Мирзиёев
Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон самти калидии ҳамкории минбаъдаро саноат муқаррар намуда, зикр кардаанд, ки савдои дуҷониба қариб 40 баробар зиёд шудаст
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз музокироташ бо ҳамтои ӯзбекистонӣ, Шавкат Мирзиёев изҳори қаноатмандӣ карда, бархе ҷузъиёту тавофуқотро баён дошт.Раҳмон бо зикри он, ки гардиши мол миёни кишварҳо тайи 7 сол тақрибан 40 баробар зиёд шудаст, илова намуд, ки ҳоло дар қаламрави ду кишвар қариб 400 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият менамоянд.Вай гуфт, ин ҳадди ниҳоӣ набуда, ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергетика, саноат, аз ҷумла истеҳсоли автомашина ва қисмҳои он, доруворӣ ва коркарди маҳсулоти аграриро ояндадор хонд."Мо, ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мушаххасро дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ ва ихтироот, тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои муосири саноатӣ баррасӣ кардем", - гуфт Раҳмон.
Ҳамчунин таъсиси маҷмааҳои муштараки кишоварзиро таъкид кардаанд.Дар бахши энергетика сохтмони ду нерӯгоҳ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани кори ҳамзамони низоми энергетикии Тоҷикистон ва Низоми муттаҳиди энергетикии Осиёи Марказӣ муҳокима шуданд.Роҳбарон аз интиқоли озоди нақлиётиву транзитии молу маҳсулот ва рафтуомади бемаҳдудияти шаҳрвандон зикр карда, ба ҳукуматҳо супориш доданд, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар ва зиёд кардани шумораи парвозҳоро миёни пойтахтҳо дида бароянд.
Комментарии (0)