Нархи сомонӣ дар Тоҷикистон гаронтар шуд
Қимати сомонӣ дар баробари рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон боло рафт.Бар асоси арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар оғози ҳафтаи ҷадид нархи пули русӣ каме коҳиш ёфта, 1000 рубл ба 118,1 сомонӣ баробар шуд.Маврид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Нархи асъори амрикоӣ низ поин рафта, доллар ба 10,9571 сомонӣ, евро ба 11,8643 сомонӣ қимат дорад.Дар мавриди нархи асъор дар бозори нақд, БМТ иттилоъ додаст, ки доллари ИМА аз 10,9571 то 10,98 сомонӣ, евро аз 11,8643 то 12 сомонӣ ва ҳазор рубл 118 то 120 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)