Мутахассиси гурҷӣ сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд

Мутахассиси гурҷӣ сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд
Ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе мутахассиси 53 солаи гурҷӣ таъин шудааст.Номбурда қаблан вазифаи ёвари сармураббии тими миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.Як манбаъ аз ФФТ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ёвари Шекиладзе мутахассиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокерия буда.Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста ва Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонони тими миллии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.Инчунин манбаъ зикр намуд, ки тамоми ситоди мураббиёни мунтахаби кишвар ҳамкориро бо тими милли идома хоҳанд дод.Гела Шекиладзе қаблан ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаҳои «Динамо-Батуми» (Гурҷистон), «Лйерс» (Белгия), «Руселаре» (Белгия), «Арсенал» (Украина) ва ССКА (Украина) бозӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин дар ҳайати тими миллии кишвараш 22 бозӣ анҷом додааст.Шекиладзе аз соли 2007 то 2011 ба ҳайси сармурабби дастаҳои миллии Гурҷистон аз қабили U-15, U-16, U-19 ва U-21 фаъолият намудааст.Ҳамчунин, вай ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи «Pro"-и УЕФА мебошад.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий