Ба Петр Сегрт унвони баланд доданд

Ба Петр Сегрт унвони баланд доданд
Петр Сегрт унвони «Мураббии дараҷаи олии Тоҷикистон» гирифт, хабар дод ФФТ.Ба иттилои манбаъ, унвони мазкур ба мурабии мунтахаби Тоҷикистон бо фармони раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Зулфиқор Гулаҳмадзода дода шуд.Маврид ба зикр аст, ки тими милли Тоҷикистон бо роҳбарии мураббии хорватӣ дар Ҷоми Осиё — 2023 таърихсозӣ карданд.Футболбозони тоҷик аз ҷумла бар тимҳои пурқуввати АМА ва Лубнон ғолиб омада, бо мунтахаби Чин мусовӣ карданд.Ҷамъан, мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ вохӯрӣ анҷом дод.Дар даври ¼ ниҳоӣ футболбозони тоҷик аз тими Урдун шикаст хӯрданд ва мубориза дар Ҷоми Осиё — 2023 барои онҳо анҷом ёфт.Бояд гуфт, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин баромади худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳаштгонаи беҳтарини қитъа ворид шуданд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий