Дар назди сафорати Олмон тазоҳурот баргузор мешавад

Дар назди сафорати Олмон тазоҳурот баргузор мешавад
Мувофиқ маълумотҳое, ки дар сомонаи “Тоҷикистон таймс” нашр шудааст, рӯзи 10 декабри соли равон дар назди сафорати Олмон дар Душанбе тазоҳуроти  волидон  ва хешу ақрабои аз ин ҳизб зарардида дар назар дошта шудааст.
Ташаббускори ин чорабинӣ модари Ҳусейн Абдусамадов, ки  писараш аз ҷониби ҲНИ гумроҳ шуда,  сайёҳони хориҷиро дар ноҳияи Данғара ба қатл расонида буд, мебошад. ГулчеҳраШодмонова мегӯяд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 500 нафар волидоне иштирок хоҳанд кард, аз ҷониби ин ҳизби террористӣ фирефта шуда, ё гуреза шудаанд ва ё дар кишварҳои бегона қарор доранду ба муқобили халқи худ амал мекунанд.Ширкатунандагони тазоҳурот мехоҳанд ба самъи ҳукумати Олмон расонанд, ки онҳо айни замон аз як террористи байналмилаӣ ва қотили мардуми бегуноҳ ҳимоя мекунанд. Онҳо бори дигар хотиррасон карданианд, ки ҲНИ ба ҷуз як ҳизби террористӣ дигар чизе нест ва саркардагони он танҳо мехоҳанд вазъро на танҳо дар Тоҷиикстон балки дар минтақа таҳлукаовар кунанд.

tajikistantimes

Комментарии (0)

Оставить комментарий