Бонувони эронӣ дар Душанбе қаҳрамон шуданд
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи охирини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ миёни мунтахабҳои духтаронаи то 14 сола ба анҷом расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар бозии ҳалкунанда, мунтахаби то 14 солаи Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 муқобили Тоҷикистон пирӯз шуда, қаҳрамони мусобиқа гардид.
Эрон тавонист, ки дар бозии аввал бо Қирғизистон (1:1) мусовӣ кунад ва дар бозии дуюм бар Ӯзбекистон (1:0) ғолиб шавад.
Ҳамин тавр, бо 2 ғалаба ва 1 мусовӣ мунтахаби то 14 солаи Эрон бо касби 7 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот маскан гирифт ва соҳиби ҷому нишонҳои заррини мусобиқа гардид.
Мунтахаби то 14 солаи Қирғизистон дар бозии даври охир бар Ӯзбекистон бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба карда, бо касби 5 имтиёз соҳиби нишонҳои нуқраи мусобиқот шуд.
Ӯзбекистон бо ягона ғалабааш бар Тоҷикистон (9:0) барандаи нишони биринҷии мусобиқа гардид.
Тоҷикистон бидуни гол ва бидуни натиҷаи назаррас дар зинаи охир маскан гирифта, ҳамчун мизбон бидуни натиҷаи назаррас мусобиқаро ба анҷом расонид.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)