Шарҳи Лавров дар мавриди размоиши муштараки ИМА ва Арманистон

Шарҳи Лавров дар мавриди размоиши муштараки ИМА ва Арманистон
Талоши кишвари узви Эътилофи Атлантики Шимолӣ барои вуруд ба моварои Қафқоз ҳеч паёмади хубе надорад.Ин нуктаро вазири вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар шарҳи амалкарди Ереван дар заминаи тамринҳои Арманистон бо Иёлоти Муттаҳида баён дошт.Вай таъкид намуд, ки чунин иқдомро ҷониби Маскав таассуфовар арзёбӣ мекунад."Ҳеҷ чизи хубе дар он нест, ки як кишвари зӯргӯи НАТО кӯшиши вуруд ба моварои Қафқозро дорад«, — гуфт ӯ.Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия ин иқдом барои касе хубӣ надорад, аз ҷумла барои худи Арманистон.Вай ҳамчунин иддаои мақомоти Арманистонро, ки Русия қаламрави Қарабоғи куҳиро ба Озарбойҷон таслим кард, бепоя хонд.Қаблан вазири умури хориҷии Русия зимни як ҳамоиш дар доираи СААД зарур хонда буд, ки барои ба фишори Ғарб муқовимат кардан ва уҳдадориҳои иттифоқчигиро пурра иҷро намудан, ҳамраъйиро тақвият додан лозим мебошад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий