Назарзода гуфт офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон чӣ қадар зарар расондаанд
Зарфи шаш моҳи соли 2023 дар ҳудуди Тоҷикистон 475 (соли 2022 — 607) ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд.Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.Ба иттилои раиси КҲФ-и Тоҷикистон 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонд.Ба асари офатҳои табиӣ 30 нафар шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд.Аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 470 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра, 73 қисман, 369 иншооти ёрирасон), 4 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 км роҳи мошингард зарар дид.Оқои Назарзода аз ҷумла гуфт, ки ба хонаводаҳои зарардида кӯмакҳо дар шакли маводҳои сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ ҷудо карда шуда, ба ноҳияҳо бурдаву миёни ниёзмандони тақсим карда шуданд.Дар ҳамин нишаст раҳбари КҲФ-и Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди ғарқшудагон ёдрас шуд.Вай афзуд, ки сарфи назар аз рейдҳои пайваста, дидору мулоқоти кормандону мутахассисони КҲФ бо сокинон, муроҷиат аз тариқи радио, телевизион, сомонаи Кумита мутаассифона, дар иншоотҳои обии кишвар одамон ба ҳалокат мерасанд.Тибқи иттилои Кумита бар асари риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дар рӯду кӯлҳо ва каналҳо 87 нафар (соли 2022 84 нафар) ҷон бохтанд."Аз ин миқдор 10 нафар дар ВМКБ, 22 нафар дар вилояти Суғд, 32 нафар дар вилояти Хатлон ва 16 нафар дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, 7 нафар дар шаҳри Душанбе«, — зикр кард Рустам Назарзода.Вай илова кард, ки аз шумори умумии ғарқшудагон 46 нафар кӯдакон ва наврасони то 16-сола ва 41 нафар аз 17-сола боло буданд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)