Омбудсмен ба дидори хабарнигорону блогерони зиндонӣ меравад
Ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар муроҷиат кардаанд ва дар ояндаи наздик ба дидори хабарнигорону блогерони зиндонӣ меравад
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, то ин дам бо хабарнигорону блогерони зиндонӣ дар боздоштгоҳу маҳбас мулоқоте надошт, аммо тасмим дорад, дар моҳи феврал онҳоро бинад.
Масъулони идораи Омбудсмен ҳамчунин гуфтанд, шиканҷа шудани журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро аз расонаҳо шуниданд, вале касе дар ин маврид ба онҳо шикоят накард.
Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи хабарнигорону блогероне ҳастанд, ки дар як соли ахир дар Тоҷикистон аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.
Мақомот онҳоро ба расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор намуданд. Наздикон ва созмонҳои журналистӣ иттиҳомро бофта номиданд.
Ҳамзамон вай илова кард, ки дар соли 2022 аз ҷониби ниҳоди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 1191 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 362 муроҷиат хаттӣ, 825 муроҷиат шифоҳӣ, 1 муроҷиат электронӣ ва 3 муроҷиат телефонӣ буданд.
Гуфт дар ин бора ваколатдори ҳуқуқи баша Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар нишасти матбуотӣ.
Вай илова кард, ки ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон қонеъ гардонида шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдори ҳуқуқи инсон лоиҳаи 50 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намуданд.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)