Кабирӣ то чӣ ҳад худро муаллими ахлоқ вонамуд мекунад?!

Кабирӣ то чӣ ҳад худро муаллими ахлоқ вонамуд мекунад?!

Саидюнуси Истаравшанӣ – ҷонибдори ашадии мухолифин дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе аз Муҳиддин Кабирӣ пахш мекунад, дар ин роҳ раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистонро шахсияти муаззами ахлоқӣ ба тасвир меорад, симои ўро ба унвони як муаллими ахлоқ ва бонии рафтори фарҳангии кишвар муаррифӣ мекунад ва аз номи ў ба интиқоди “рафтори ғайриахлоқии мақомот дар вуруд ба ҳарими хусусии шаҳрвандон ва сабти равобити заношўии онҳо ва ба намоиш гузоштани он дар телевизиюнҳои давлатӣ” мепардозад. 

Симои Кабирӣ дар анбўҳи баёнияҳояш як нафари таҳдидгаре дар амри тахрибкории сиёсии кишвари мо беш нест. Ў ҳоло ки дигар қудрати рўҳӣ ва равонии бозӣ кардан ба сиёсат ва иҷтимоиёти кишварро чандон дар ихтиёр надорад, ба хотири ба ангеза овардани ҳисси нафрат ва бадбинии мардум танҳо ва танҳо қодир аст, ки бо далелҳои обшустаи ба худаш хос ва суханбозии ба хостаҳои сиёсиаш муносиб диққати ҷомеаи башариро ба сўи худ кашад, худро ҳамчун фарҳангдифоъ ва ҳимоягари арзишҳои фарҳанги миллии тоҷик ба чашми ҷаҳониён шинонад. 

Вай пайваста ҷор мезанад, ки чизеро аз сиёҳкориҳои ҳукумат ба мо ошкор карданист, дар ин раҳ дар ихтиёраш будани хеле чизҳоро реклама мекунад, ки метавонад бо онҳо дар паст задани нуфузи раҳбарияти феълии Тоҷикистон талоши хастанопазир ё ба фаҳмиши худаш мондагор ба миён гузорад, “аз раҳбарони калоназ раҳбарияти кишвар” селаи нуқсону айбу гуноҳ берун кашад. Аммо оё ба Кабирӣ бовар метавонем кунем, ки ў инсоне ҳаст қодир ба гуфтани ин нукта: наворҳоро “ҳамчун василаи сиёсӣ истифода набаредфарҳанги мо ин нест.

Оё метавон ба натиҷае расид, ки бо ин амр Кабирӣ комилан ҳудуди фарҳанги мо ва худашро шинохтааст? Ҳеҷ ин гуна андеша бар сари мо намеёяд. Диду назари ҳавоӣ ва ғайримунсифонаи вай дар мавриди татбиқи назарияи сиёсии Макиавеллӣ дар Тоҷикистон низ комилан радшаванда аст. Ҳеҷ кас дар Тоҷикистон набояд ба ин раъй назар диҳад, ки дар сиёсат ахлоқ нестфарҳанг нест. Ҳадаф ҳаст ва ҳар чи ки метавонӣбикун ба хотири ҳифзи қудрат”. Ин як рукни  бадномкунӣ аст.

Баҳси Кабирӣ бо ниҳодҳои мафкуравии Тоҷикистон дар мавриди татбиқи назариёти сиёсии Макиавелли чандон мудаллал нест. Ў ин назариётро хуб дифоъ ва пуштибонӣ мекунад ва ниҳодҳои мафкуравии кишвари моро ба адами дарки мафҳуми он муҷрим медонад. Аммо исбот намекунад, ки ба кадом далел ниҳодҳои мафкуравии тоҷик аз ин назариёт бо ҳадафи худ баҳра ҷуста, нукоти онро бар ҳадафи худӣ тағйир додаанд. Ҳар кишвар ҳуқуқ дорад дар устувории амниятии хеш принсипҳои назарияи сиёсии ҳар кадом сиёсатмадореро ҳамчун Макиавелли истифода кунанд. Аммо ин истифода ва баҳрамандӣ аз назариёти мазкур бояд бо назардошти шароити амнияти миллии ҳар кишвар сурат пазирадФикр мекунем дурўғҳову тўҳматҳое, ки дар ин роҳ ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шудааст, комилан мардуданд ва кирои баҳс нестанд.

Кафедраи адабиёти муосири тоҷики 

МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Комментарии (0)

Оставить комментарий