ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Шумораи ҷашнии маҷаллаи «Родмардони Ватан» ба нашр расид

ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Шумораи ҷашнии маҷаллаи «Родмардони Ватан» ба нашр расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ шумораи ҷашнии  маҷаллаи  ҳарбию ватанпарастии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Родмардони Ватан»  ба нашр расид.

Дар нашри ҷашнии маҷаллаи «Родмардони Ватан»  гузоришу мақолаҳо аз дастовардҳои  афсарону сарбозони шуҷои  Гвардияи миллӣ дар самти тайёрии ҷангӣ ва фаъолияти ин сохтори қудратии мамлакат ҷой дода шудаанд. Инчунин мақолаҳои  «Паёми Президент –кафолати зиндагии шоиста», «Роғун ҳадафи стратегии кишвар» ва дигар гузоришу лавҳа аз ҳаёти сарбозону афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шеърҳои ватандӯстона муҳтавои маҷаллаи ҷашнии «Родмардони Ватан»-ро мукаммал гардонидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон   яке аз дастовардҳои муҳимтарини  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зарфи 26 соли фаъолият дар ҳифзи марзу буми  аҷдодӣ, пойдории давлат,   таъмини  амнияту зиндагии осоишта ва суботи ҷомеа  вазифаҳои пуршараф иҷро намудаанд.

Мусаллам аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят  мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар  таъсис дода шуда, аз санҷишҳои  шадид гузашта, давра ба давра такмил ёфт.  Батадриҷ дар ҳайати он  сохтор ва навъҳои  гуногуни қӯшун  таъсис дода шуд.  Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии Тоҷикистон  неруи тавонову разманда аст. Таҳаввуллоти замон, таҷрибаи  сулҳофар ва рӯҳияи ватанхоҳии сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат  Артиши миллиро ба сипари боэътимоди  давлату миллат табдил дод.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як рукни асосӣ ва хеле муҳими  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта,  ҳайати шахсии он дар  пойдории  аркони давлат ва  ҳифзу таҳкими  Истиқлолияти давлатиии  Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми  арзанда доранд.  Хизматҳои шоистаи афсарону  сарбозони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин замина таъминоти моддиву  техникӣ, шароит ва вазъи  иҷтимоии хизматчиёни  ҳарбӣ  сол аз сол беҳтар шуда истодааст, ки аз фазои  сулҳу амният ва  файзи истиқлоли мамлакат  сарчашма мегирад.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»

Комментарии (0)

Оставить комментарий