Бонувон барои “Ҷоми раиси Душанбе” сабқат мекунанд

Бонувон барои “Ҷоми раиси Душанбе” сабқат мекунанд
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки бахшида ба Рӯзи Модар миёни бонувони варзишкор мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди волейбол баргузор шавад

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бонувони волейболбоз барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи Модар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ҳадафи қарор ташвиқу тарғиб ва рушди волейбол байни бонувон, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ арзёбӣ шудааст.

Мусобиқа бо иштироки бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 аз 12 феврал то 7 марти соли 2019 баргузор мегардад.

Бар асоси қарор барои баргузории мусобиқаи мазкур 40 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий