Беҳрӯзи Хоҷазода дар Гран-прии ҷудои Тел-Авив ҷойи панҷум гардид
Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар шаҳри Тел-Авиви Исроил дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило дар ҷойи панҷум қарор гирифт.
Беҳрӯз, ки дар даври аввал озод буд, баъдан пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш Наим Матт аз Швейтсария, Фердинанд Карапетян аз Арманистон ва Тоҳар Бутбул аз Исроил ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари Беларус Вадзим Шока мағлуб гашт. Сипас Беҳрӯз қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба Артём Хомулаи украинӣ бохт ва дар натиҷа ҷойгоҳи панҷумро азони худ кард.
Дар Гран-прии ҷудои Тел-Авив ба ҷуз Беҳрӯзи Хоҷазода, боз ду варзишгар - Хайёмиддин Ҷабборов ва Акмал Муродов – Тоҷикистонро дар сабқати мардон намояндагӣ карданд. Хайёмиддин низ дар вазни зери 73 килограмм ба рақобат аз даври дувум шуруъ намуд. Ӯ бар Сам Ван Т Вестенде аз Нидерланд ғолиб шуд, вале баъдан аз Ҷиованни Еспоситои итолиёвӣ шикаст хӯрд.
Дар вазни зери 73 кило аз ҳама бештар – 40 гуштигир – иштирок дошт. Дар ин вазн Вадзим Шокаи беларусӣ, ки дар финал Ҷиованни Эспоcитои итолиёвиро мағлуб кард, ғолиб шуд.Ба ҷуз Артём Хомулаи украинӣ, инчунин Тоҳар Бутбули исроилӣ мақоми севумро касб намуд.
Акмал Муродов ҳам дар вазни зери 81 кило ба сабқат аз даври дувум пардохт. Рақиби ӯ Сами Чоучи аз Белгия буд, ки паҳлавони тоҷикро шикаст дод. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 варзишгар рақобат кард. Саги Мукии исроилӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ивайло Иванови булғор дастболо шуд, ҷойгоҳи аввалро соҳиб гашт. Кристиан Парлатии итолиёвӣ ва Сами Чоучии белгиягӣ дар ҷойгоҳҳои севум қарор гирифтанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тел-Авив, ки имрӯз, 26-уми январ, ба поён мерасад, 377 гуштигир (216 мард ва 161 зан) аз 53 кишвари дунё ширкат дорад.
Дар рӯзи аввали мусобиқа - 24-уми январ - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон, -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор шуд. Рӯзи 25-уми январ гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон, -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат карданд.
Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Исроил бо касби 3 медали тилло, 2 медали нуқра ва як медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Мунтахаби Италия бо касби 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва як медали биринҷӣ ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Белгия бо касби як медали тилло ва як медали биринҷӣ ҷойгоҳи севумро ишғол кардаанд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби Дания ва Словения дар байни 53 кишвар дар ҷойгоҳи 22-юм қарор гирифтааст.
Дар рӯзи охирини мусобиқа – 26-уми январ - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон, -78 кг, +78 кг миёни занон доир мегардад.
Бояд гуфт, ки Гран-прии Тел-Авив нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2019 мебошад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 2 ҳазор доллар, барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазор долларӣ.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон гуфт, ки ширкаткунандагони Гран-прии ҷудои Тел-Авив, инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Ӯ афзуд, «гуштигирони мо имсол ва соли оянда барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош мекунанд. Гран-прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалии имсола буд, ки дар он се варзишгари мо иштирок кард.»
60 кг
1. ВЕРСТРАЕТЕН Ҷорр (Белгия)
2. ҶАКАДОЕА Торник (Нидерланд)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия
3. РЕВОЛ Седрич (Фаронса)
66 кг
1. ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
2. ЯДОВ Богдан (Украина)
3. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3. ХАМЕТОВ Ислом (Русия)
73 кг
1. ШОКА Вадзим ( Беларус)
2. ЕСПОСИТО Ҷиованни (Италия)
3. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
3. ХОМУЛА Артём (Украина)
81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. ЧОУЧИ Сами (Белгия)
3. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)
Занон
48 кг
1. РИШОНИ Шира (Исроил)
2. ЧЕРНЯК Марина (Украина)
3. БРИГИДА Наталиа (Бразилия)
3. ЧЕРНОВИТСКИ Ева (Маҷористон)
52 кг
1. КЕЛМЕНДИ Майлинда (Косово)
2. КОЕН Или (Исроил)
3. ЧИТУ Андреа (Руминия)
3. КОЧЕР Фабинн (Швейтсария)
57 кг
1. НЕЛСОН ЛЕВИ Тимма (Исроил)
2. МЕЖЕТСКАЯ Даря (Русия)
3. ИЛИЕВА Ивелина (Булғористон)
3. СМИТ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)
63 кг
1. КЕНТРАКСИО Мария (Италия)
2. ШЕМЕШ Инбал (Исроил)
3. КОСТЕНКО Валентина (Русия)
3. ВЕРМЕЕР Сане (Нидерланд)
70 кг
1. БЕРНХОЛМ Анна (Шветсия)
2. БЕЛЛАНДИ Алиса (Италия)
3. ФЛЕТЧЕР Меган (Ирландия)
3. ВАН ДИЖКЕ Санне (Нидерланд)
Мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби Дания ва Словения дар байни 53 кишвар дар зинаи 22-юм қарор гирифтааст.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии ҷудо, Тел-Авив (Исроил), 24-25-уми январ
Мардон60 кг
1. ВЕРСТРАЕТЕН Ҷорр (Белгия)
2. ҶАКАДОЕА Торник (Нидерланд)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия
3. РЕВОЛ Седрич (Фаронса)
66 кг
1. ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
2. ЯДОВ Богдан (Украина)
3. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3. ХАМЕТОВ Ислом (Русия)
73 кг
1. ШОКА Вадзим ( Беларус)
2. ЕСПОСИТО Ҷиованни (Италия)
3. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
3. ХОМУЛА Артём (Украина)
81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. ЧОУЧИ Сами (Белгия)
3. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)
Занон
48 кг
1. РИШОНИ Шира (Исроил)
2. ЧЕРНЯК Марина (Украина)
3. БРИГИДА Наталиа (Бразилия)
3. ЧЕРНОВИТСКИ Ева (Маҷористон)
52 кг
1. КЕЛМЕНДИ Майлинда (Косово)
2. КОЕН Или (Исроил)
3. ЧИТУ Андреа (Руминия)
3. КОЧЕР Фабинн (Швейтсария)
57 кг
1. НЕЛСОН ЛЕВИ Тимма (Исроил)
2. МЕЖЕТСКАЯ Даря (Русия)
3. ИЛИЕВА Ивелина (Булғористон)
3. СМИТ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)
63 кг
1. КЕНТРАКСИО Мария (Италия)
2. ШЕМЕШ Инбал (Исроил)
3. КОСТЕНКО Валентина (Русия)
3. ВЕРМЕЕР Сане (Нидерланд)
70 кг
1. БЕРНХОЛМ Анна (Шветсия)
2. БЕЛЛАНДИ Алиса (Италия)
3. ФЛЕТЧЕР Меган (Ирландия)
3. ВАН ДИЖКЕ Санне (Нидерланд)
Комментарии (0)