Ҳаққи шикори Марко Поло - 80 000 сомонӣ, бузи сибирӣ – 45 000 ва нахчир – 5 000 сомонӣ
Кумитаи ҳифзи табиати Тоҷикистон ҳаққи шикор як сар гӯсфанди кӯҳии Марко Полоро 80 ҳазор сомонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ 45 ҳазор сомонӣ ва нахчирро зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст
Дар ин бора Амриддин Қуботбеков, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб иттилоъ дода, афзуд, ки феълан саршумори гӯсфандони Марко Поло дар кишвар то ба 26 ҳазор сар афзоиш ёфтааст.
Қуботбеков мегӯяд, солҳои 90-уми асри гузашта сербарфию гуруснагӣ аз як сӯ ва таъқиби пайвастаи шикорчиён аз сӯи дигар, гӯсфандонро маҷбур сохт, ки ба Афғонистону Қирғизистон ва ё Чин паноҳ бубаранд. Дар ин давра шумораашон то ба 12 ҳазор сар коҳиш ёфт.
Мақомдори ҳифзи муҳити зисти Мурғоб афзудааст, ки феълан 10 нозири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фаъолияти 7 хоҷагии шикорӣ ва шикорчиёни ғайриқонуниро назорат мекунанд.
“Давоми се соли охир шумораи гӯсфандони кӯҳӣ ҳазор сар афзоиш ёфта, ҳоло шумораашон то ба 26 ҳазор сар расидааст. Мавсими шикор аз моҳи сентябр оғоз ёфта, моҳи март ба итмом мерасад”, - иттилоъ додааст Қуботбеков.
Манбаъ афзудааст, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло диққати сайёҳони хориҷиро зиёд ба худ ҷалб менамояд ва сайёҳон аз Амрикою Аврупо на танҳо барои шикор, балки бо мақсади боре дидани он ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Комментарии (0)