Тошканду Душанбе ба ҳам тахфиф ва бору мусофиркашонии бештар ваъда карданд
Комил Мирзоалӣ, раиси корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар Тошканд бо раёсати “Узбекистон темир йулларӣ”, густариши ҳамкориҳо дар соли 2019-ро баррасӣ кард
Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Узбекистон темир йулларӣ”, ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба зиёд кардани боркашонию мусофирбарӣ тариқи роҳи оҳан дар соли ҷорӣ доданд.
“Тахфифҳои тарафайн дар соли 2019 баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳар кишвар барои зиёд кардани боркашонию мусофирбарӣ тариқи роҳи оҳан имкониятҳои нав фароҳам хоҳад кард”, - омадааст дар иттилоияи “Узбекистон темир йулларӣ”.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ёддошти тафоҳум имзо кардаанд.
Ҷониби Узбакистон изҳор доштааст, ки соли 2018 низ ҷонибҳо ба ҳамдигар бархе имтиёзҳо барои интиқоли бору мусофирон дода буданд.
“Узбекистон темир йулларӣ” аз ҷойгиршавии хуби геостратегии Узбакистон зикр карда, таъкид намудааст, ки бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкории хуб дорад. Ин ширкат изҳор доштааст, ки дар баробари интиқоли бору мусофирон дар бахши техникӣ ва таъмири вагонҳо низ бо ҳамсояҳо ҳамкорӣ дорад.
Комментарии (0)